Шонасозӣ
Шонасозӣ (порсӣ: شانسازی ) – яке аз навъҳои анъанавии касби дуредгарӣ аст. Шонасозиро инчунин шонатарошӣ, шонагарӣ низ мегӯянд, ки навъе аз касби анъанавии мардуми тоҷик ба шумор меравад.
Ҳунари шонасозӣ бештар дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакант, Фарғона, Ҳисор ва ғайра густариш ёфтааст. Кори шонасозӣ нахуст аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Чӯби аз ҳама мувофиқ барои шонатарошӣ чӯби дарахти чормағз ба ҳисоб меравад. Баъзан аз чӯбҳои зардолу ва нок низ шона месозанд. Чӯби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онҳоро дар офтоб мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус – сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сӯҳон теғаҳои ҷойи дандонаҳонро соида ҳамвор месозанд. Мавзеъи дандонаҳои тахтачаро равғани рустанӣ молида, 2-3 соат нигоҳ медоранд, то ки чӯб равғанро ба худ ҷабида гирад. Баъд аз ин амали дандонбароии маҳин ва дурушт сурат мегирад. Тахтачаро ба даҳани дукон бо барбанд устувор карда, бо арраҳои гуногун дандонҳои шонаро месозанд. Дар ин вақт усто ба нарангушти дасти чапи худ ангуштбони чармӣ мегузаронад, ки вазифаи он ҳам муҳофизат кардани ангушт ва ҳам фосилагузорӣ дар байни дандонаҳои шона мебошад. Сипас шонасоз ба амали тагфурорӣ мегузарад ва поёни дандонаҳоро ба ҳам баробар мекунад. Агар шона дутарафа бошад, дандонҳои як тарафи он маҳин ва тарафи дигараш андаке дурушт ё калонтар мешавад. Пас аз тайёр шудани дандонаҳо амали нӯгбарорӣ иҷро мешавад. Усто бо сӯҳон нӯги ҳар як дандонаро ба мисли пайкони найза ороста, аммо теғаи онро кунд менамояд, то ки дандонаҳо даст ё пӯсти сарро нахарошанд. Баъдан бо сӯҳони маҳин аз дарун дандонаҳо ҳамвор карда мешаванд. Агар шонаи дутарафа бошад, ду тарафи дастаи шонаро бо каҷкорд метарошанд ва бо сӯҳон ҳамвор мекунанд, ки барои ба даст доштан мувофиқ мешавад. Пас аз анҷоми ин корҳо амалҳои ороишӣ сурат мегиранд. Таги дандонаҳо барои баробар шудан ва ба назар рост намудан бо аррача хат кашида мешавад. Агар шона камоншакл бошад, барои хаткашӣ қолиби камоншаклро ба кор мебаранд. Бо асбоби гулпартояк гули мавҷнок мекашанд, ки он «нақши мор» ном дорад. Ба асбобҳои гуногун нақшҳои ислимию ҳандасавӣ, матнҳо, суратҳои ҷонварон ва ғайраро тасвир мекунанд. Чун ороиши шона ба анҷом расид, бо регкоғаз ҷойҳои нақшшударо соида, бо чӯтка тоза менамоянд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 68 - 70.