Шоҳини Шерозӣ
Шоҳини Шерозӣ (форсӣ: شاهین شیرازی; зод. 1300[1], Шероз) — шоири яҳудитабори эронӣ.
Таърихи таваллуд | 1300[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | шоир |
Таълифот
вироишБа қалами Шоҳини Шерозӣ достонҳои «Мӯсонома» (1327), «Юсуф ва Зулайхо» (соли таълифаш номаълум), «Ардашер ва Эстер» 1332), инчунин ғазалҳо, қасоиду рубоиёт мансубанд. Миқдори ашъораш тақрибан 25 ҳазор байт аст.
Шоҳини Шерозӣ дар маснавиҳо ва ашъори гуногунжанри худ ба мавзуъҳои ишқии романтикӣ, воқеоти таърихӣ, динӣ ва ғайра рӯй овардааст. Вай ба Фирдавсӣ, Низомӣ ва дигар шоирони маъруфи форс-тоҷик пайравӣ кардааст. Дар осори у афкори пандуахлоқӣ, тарғиби ғояҳои дӯстӣ, адлу инсоф, инсонпарварӣ ва донишомӯзӣ мақоми арзанда доранд. Забони ашъори Шоҳини Шерозӣ соддаву фасеҳ аз ҳаргуна такаллуфот орӣ мебошад. Порчаи зерин намунае аз ашъори Шоҳини Шерозӣ аст.
Накуӣ кас надид аз май ба олам,
Бувад шодии у пайваста бо ғам.
Шари дунё саросар дар шароб аст,
Фаровон хонумон аз вай хароб аст..
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Record #36790053 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
Адабиёт
вироиш- Шоҳини Шерозӣ / Н. Мулоқандов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).