Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (форсӣ: شاه نعمتالله ولی; 1330, Ҳалаб — 28 апрел 1429, Моҳон[d], Устони Кирмон) — ҳаким, сӯфӣ, ориф, нависанда ва шоири форс-тоҷик, муассиси тариқати неъматуллоҳия.
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир |
Таърихи таваллуд: | 1330 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 28 апрел 1429 |
Маҳалли даргузашт: | |
Осор: |
Феҳрист
|
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишШоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки шаҷарааш ба имоми панҷӯми шиа Муҳаммад Боҷир мерасад. Дар давраи ҷавонӣ дар Самарқанд, Ҳирот ва Язд зиндагӣ карда, 25 соли охири ҳаёти дарвешонаи худро дар деҳаи Моҳони Кирмон гузаронида, дар ҳамон ҷо мадфун аст. Дар дарбори темуриён, махсусан Шоҳрух эътабори зиёде дошт. Аҳмадшоҳ низ ӯро ба дарбори худ даъват карда буд.
Ба Шоҳ Неъматуллои Валӣ рисолаҳои бисёри тасаввуфиро нисбат медиҳанд, вале асари асосии ӯ «Девони ашъор» аст, ки дар байни аҳли мутасаввифа маълуму машҳур аст. Мазмуни ашъори сӯфиёнаи ӯро бештар масъалаҳои ваҳдати вуҷуд, марҳилаҳои тараққиёти солик ва ғайра дар бар мегиранд. Ғазалҳои ӯ аксар мазмуни ирфонӣ доранд. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Силсилат-ул- орифин» Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалсарой пайрави Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ будааст. Ҳамчунин дар баъзе маъхазҳо омадааст, ки шатҳиёт дар ашъори сӯфиён, аз қабили Ҷалолуддин Румӣ ва девони Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ хеле ривоҷ ёфтааст.
Силсилаи неъматуллоҳия
вироишДар садаи XIV баъд аз ба ҳавзаи илмҳои расмӣ даромадани тасоввуф на низоҳои фирқаҳои мухталифи шиаву суннӣ осори манзуму мансури сӯфиёна, ки рӯҳи сулҳталабӣ дошт, аҳамияти махсус пайдо кард ва тарғиби осори сӯфиёни намоёни ин давра васеъ ривоҷ ёфт. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна баъд аз ғалабаи мазҳаби шиа дар Эрон, баробари нуфузи зиёд пайдо кардани осори тасаввуфӣ аз фирқаҳои он бештар силсилаи Неъматуллоҳия ҳайдария ҳамчун ифодакунандаи манфиатҳои табақаи миёнаи аҳолӣ, хусусан тоҷирон ва косибон дар Эрон ва Ҳиндустон интишор меёбад. Бисёр муҳаққиқони муосири тасаввуф 6а мисли Қосим Ғанӣ, Абулҳусайни Заринкӯб ва ғайра дар асоси таҳлили ташаккул ва ннкишофи тасаввуф мӯътақиданд, ки дар Эрон пас аз садаи XIV силсилаи Неъматуллоҳия ва заҳабия на фақат ривоҷ ёфтааст, балки аз ин силсилаҳо бисёр фирқаҳои дигари тасаввуфӣ низ ба вуҷуд омадаанд.
Даргузашт
вироишДар аксари сарчашмаҳо омадааст, ки Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ 103 сол умр дида, соли 1431 аз олам даргузаштаст.
Оромгоҳ
вироишОромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон ҷойгир мебошад[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Оромгоҳи шайх Неъматуллоҳи Валӣ – зиёратгоҳи ҷаҳониён(тоҷ.). ҲҲДТ (11 апрели 2018). 27 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2019.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.