Шоҳҷаҳон

(Тағйири масир аз Шоҳ Ҷаҳон)

Шаҳобуддин Муҳаммади Хуррам (форсӣ: شهاب‌الدین محمد خرم‎), Шоҳҷаҳон (форсӣ: شاه جهان‎; 15 январ 1592[1], Қалъаи Лоҳур[d], Лоҳур, Империяи Муғул22 январ 1666[2][1], Қалъаи Огра[d], Агра, Империяи Муғул) — подшоҳи Ҳиндустон (1627—1658) аз сулолаи Темуриёни Ҳинд. Писари Нуриддин Ҷаҳонгир.

Шоҳҷаҳон
форсӣ: شهاب‌الدین مُحمَّد شاهجهان
19 январ 1628 — 31 июл 1658
Пешгузашта Ҷаҳонгиршоҳ[d]
Ҷонишин Аврангзеб
Таваллуд 15 январ 1592(1592-01-15)[1]
Даргузашт 22 январ 1666(1666-01-22)[2][1] (74 сол)
Мадфан
Дудмон Бобуриён
Падар Ҷаҳонгиршоҳ[d]
Модар Jagat Gosain[d]
Ҳамсар Mumtaz Mahal[d], Izz-un-Nissa[d] ва Kandahari Begum[d]
Фарзандон Parhez Banu Begum[d], Ҷаҳоноро Бегим, Dara Shikoh[d][3], Shah Shuja[d], Roshanara Begum[d], Аврангзеб, Murad Bakhsh[d] ва Gauhar Ara Begum[d]
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шоҳҷаҳон сиёсати ҷангҷуёнаи падарашро давом дода, давлати Темуриёни Ҳиндро аз ҳисоби мулкҳои Ҳиндустони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Эрони сафавӣ хеле васеъ кард. Ш. дар баробари забткориҳо ба ободонии мамлакат, ба бунёди иморатҳои пуршукуҳ ҷиҳати махсус додааст, ки Тоҷмаҳал, Лолқалъа, масҷидҳои Ҷомию Моти ва ғайра мисоли ин мебошанд. Соли 1657 дар вақти касалии Шоҳҷаҳон низоъу нифоқи байни шоҳзодагони темурӣ авҷ гирифта, султони Дакан Аврангзеб падараш Шоҳҷаҳонро дар қалъаи Агра ҳабс намуд, ки у соли 1666 дар он ҷо вафот кард. Баъди вафоти Шоҳҷаҳон пойтахти Ҳиндустон аз Агра ба Деҳлӣ кучонида шуд.

Адабиёт

вироиш