Шуллук (лот. Hirudo medicinalis), зуллук — як навъ кирми ҳалқашакл. Аз қадимулайём чун воситаи хунгирӣ ва рафъи лахтабандии хун истифода мешавад. Зеро моддае, ки дар ғадудҳои оби даҳони шуллук вуҷуд дорад, лахташавии хунро суст менамояд.

Шуллук
Шуллук
Шуллук
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Hirudo medicinalis Linnaeus, 1758
Подвиды
  • Hirudo medicinalis officinalis (дорӯӣ)
  • Hirudo medicinalis medicinalis (дармонӣ)
  • Hirudo medicinalis orientalis (шарқӣ)
Вазъияти ҳифз

Бадани шуллук паҳн, баъзан устувонашакл буда, аз 33 ҳалқа (сегмент) иборат аст; рангаш сиёҳ, сабзтоб, шуллукҳо ду узви макканда (пеш ва қафо) доранд. Ковокии дуюми бадани шуллук сода шуда, фазои байни узвҳо бо мезенхима пур гаштааст. Дар қисми пеши системаи ҳозима ҷоғ ё хартумча дорад. шуллук бо пӯст нафас мегирад. Он ҷонвари хунмак буда, хун ва шираи бадани ҳайвоноти бемуҳраю муҳрадорро мемакад. Кирми хунсо (гермофрадит) аст.

Шуллукҳоро дар банкаи шишагини обаш тоза, ки даҳонашро бо дока сахт бастаанд, нигоҳ медоранд. Оби онро ҳар шаборӯз як бор иваз мекунанд, то ки аз луоб тоза шавад. шуллукро барои муолиҷаи баъзе бемориҳои раг, лахтабандии аз ҳад зиёди хун ва ғ. фақат бо таъйиноти духтур истифода мебаранд. Онро корманди махсуси тиббӣ ба рӯи пӯст мегузорад.

Ҳар як шуллук дар давоми 0,5 — 1 соат 10 — 15 мл хунро макида, баъд меафтад. Агар худаш наафтад, латтачаи ба спирт таркардаро ба сараш мерасонанд. Баъди афтидани шуллук ҷои захмро бо латтаи тоза мебанданд; аз ҷои захми шуллук 6 — 24 соат (баъзан бештар) хун меравад. Азбаски бандина хунолуд мешавад, аз болои он пахта монда, боз мебанданд ва бе иҷозати ҳамшираи тиббӣ онро намекушоянд. Барои пешгирии оқибатҳои номатлуб худтабобат бо шуллук манъ шудааст. шуллукҳо барои истифодаи дубора кор намеоянд.

Нигаред низ

вироиш