Эмомалӣ Нуралӣ (8 апрели 2002[1], деҳаи Ҳилолӣ, ноҳияи Хуросон, Тоҷикистон) — ҷудукори тоҷик. Қаҳрамони ҷудуи ҷаҳон миёни ҷавонон (2022)[2].

Эмомалӣ Нуралӣ
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус ҷудукор
Зодрӯз 8 апрел 2002(2002-04-08) (22 сол)
Зодгоҳ деҳаи Ҳилолӣ, ноҳияи Хуросон, Тоҷикистон
Мураббӣ Парвиз Собиров
Вазн -66 кг

Зиндагинома вироиш

Эмомалӣ Нуралӣ 8 апрели соли 2002 дар деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон ба дунё омадааст. Дар мактаби №47, ки падараш дар онҷо омӯзгор буд, таҳсил намудааст. Падараш Нуралӣ Бобокалонов дар баробари омӯзгорӣ дар деҳа толори варзиш дошт, ки онҷо шогирдонро тарбият менамуд. Аз синни 8-солагӣ падар Эмомалиро ба толори варзиши худ бурд ва аввалин устоди ӯ дар риштаи куштии ҷуду шуд[3].

Эмомалӣ пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Ҳамзамон тамринҳои худро дар Бошгоҳи варзишии Парвиз Собиров оғоз намуд[3].

Ифтихорот вироиш

Ҷумҳуриявӣ вироиш

  • Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 2022 —  [4]
  • Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни калонсолон 02.2022 —  
  • Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни калонсолон 12.2021 —  
  • Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон 11.2021 —  
  • Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон 07.2021 —  

Байналмилалӣ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Nurali Emomali Judoka. www.judoinside.com. JudoInside. 11 августи 2022 санҷида шуд.
  2. Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон гардид(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 11 августи 2022 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 'Рақобати тилоӣ'. Эмомалӣ Нуралӣ чӣ гуна қаҳрамони ҷаҳон шуд?(тоҷ.). YOUR (12 августи 2022). 5 сентябри 2022 санҷида шуд.
  4. Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон. judo.tj. 11 августи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2023.
  5. Guayaquil World Championships Juniors 2022 Individuals / IJF.org. www.ijf.org. 11 августи 2022 санҷида шуд.
  6. Judobase.org. judobase.ijf.org. 11 августи 2022 санҷида шуд.
  7. Tashkent Junior Asian Cup 2022. www.ijf.org. IJF.org. 11 августи 2022 санҷида шуд.