Ангин Алтан Дузятон

(Тағйири масир аз Энгин Алтан Дузятан)

Ангин Алтан Дузятон (тур. Engin Altan Düzyatan, тав. 26 июли 1979, Измир) — актёри театр ва кинои турк, барандаи телевизион. Ӯ ба туфайли силсилаи таърихии «Эртуғрул» [1] шӯҳрат пайдо кардааст.

Ангин Алтан Дузятон
тур. Engin Altan Düzyatan
Таърихи таваллуд: 26 июл 1979(1979-07-26) (44 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи телевизиюн
Корнома: 1997 — то ҳол
IMDb: ID 1731629
enginaltanduzyatan.com.tr(тур.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тарҷумаи ҳол вироиш

Энгин Алтан 26 июли соли 1979 дар шаҳри Измир таваллуд шудааст. Ҷониби падарии ӯ муҳоҷирони албанӣ аз Приштина мебошанд. Қисми дигари оилаи ӯ муҳоҷирони турк аз Югославия мебошанд. Номи пурраи ӯ Энгин Алтан Дузятан аст. Вай дар мактаби миёна ба бозӣ кардан дар саҳнаи театр шурӯъ кард, ки ҳаёт ва сарнавишти ояндаи ӯро муайян кард. Пас аз хатми мактаб, Энгин Алтан Дузятан ба шӯъбаи театрии Донишгоҳи Нуҳуми Сентябр (Докуз Эйлуля) дар Измир дохил шуд. Вай инчунин барномаи магистрии худро дар Донишгоҳи Бахчешехир дар технологияҳои пешрафтаи актёрӣ хатм кардааст [2] .

Пас аз хатми донишгоҳ ба Истанбул омада, ба фаъолияти касбии актёрии худ шурӯъ кард. Энгин дар Истамбул нахуст дар театрҳои Kenter ва DOT ба ҳайси ҳунарпеша кор кард ва инчунин худро ба ҳайси коргардон санҷида, дар Театри давлатии Диёрбакир як намоишнома ба саҳна гузоштааст. Якҷоя бо Ҳазал Кая ва Наз Элмас дар намоиши коллексияи Beymen Club дар соли 2010 ширкат дошт.

Филмография вироиш

Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
1997 с Рухсор Ruhsar Сиамский Близнец Балыша
2001 с Меҳмонхонаи мо Bizim Otel Алтан
2001 с Ҳафт теппаи Истамбул Yeditepe İstanbul Кӯдак
2002 с Падарон охирин касе ҳастанд, ки медонанд En son babalar duyar Алп
2002 с Мураббии ман Kocum benim Орчун
2003 с Хуррам Султон (силсилафилм) Hürrem Sultan Шаҳзода Боязид
2003 с Кампус (телесериал) Kampüsistan Левент
2004 ф Время сердце Kalbin Zamanı Демир в молодости
2004 с Начать все сначала Sil Baştan Джихан
2010 ф Романтическая комедия Romantik Komedi Джем
2011 ф Море на ладони Bir Avuc Deniz Мерт Акбай
2011 ф Анатолийские орлы Anadolu Kartallari Кемаль Таначан
2012 ф Бигзор ин охирин бор бошад Bu Son Olsun Синан
2013 с Роҳ ба танҳоӣ Bu Iste Bir Yalnizlik Var Меҳмет
2014 ф Убийство Cinayet Йылмаз Сейхан
2014 ф Романтическая комедия 2 Romantik Komedi 2: Bekarlığa V Джем
2014 с Нападение на дворец Чыраган Çırağan Baskını Полди
2014 с Филми Эртуғрул Diriliş Ertuğrul Эртугрул
2019 с Пуля Kursun Орхан Куршун

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш