Эргаш Бадалов (Эргаш Турсунович Бадалов; 20 августи 1936, деҳаи Чукири ноҳияи Регар10 феврали 2007, Душанбе) — микробиолог, доктори илми ветеринарӣ (1996

Эргаш Бадалов
Эргаш Турсунович Бадалов
Таърихи таваллуд 20 август 1936(1936-08-20)
Зодгоҳ ноҳияи Турсунзода , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 10 феврал 2007(2007-02-10) (70 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Алма-матер Институти ветеринарии шаҳри Ленинград

Зиндагинома

вироиш

Институти ветеринарии шаҳри Ленинградро (ҳоло шаҳри Санкт-Петербург) соли 1959 хатм карда, дар Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон як умр фаъолият дошт. Вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ (1959—1965), ходими калони илмӣ (1966—1982), мудири лабораторияи паразитология (1983—1996), акаралогия (1997—2005), беҳдошти байториро (2006—2007) иҷро намудааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Таҳқиқоташ асосан ба канаҳои касалигузарон (приоплазмидозҳо, тейлериози гов) ва роҳҳои маҳв намудани онҳо бахшида шудаанд. Тавсияю пешниҳодҳояш сари он дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, хусусан водии Ҳисор амалӣ гардида, самар додаанд. Теъдоди таълифоташ ба 150 мерасад. Соҳиби 13 таклифи навоварӣ ва як шаҳодатномаи муаллифист.

  • Клещи — переносичики возбудителей тейлериоза крупного рогатого скота в Гиссарской долине Таджикистана и испытание на нихнекоторых акарицидов. -Д., 1967;
  • Профилактика пироплазмидозов крупного рогатого скота. — Д., 1989;
  • Научные основы оздоровления хозяйств от приоплазмидоздов крупного рогатого скота в Таджикистане. — Д., 1997;
  • Биологические особенности иксодоидных клещей и меры борьбы с ними в Таджикистане. — Д., 1998.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 74

Сарчашма

вироиш