Эроншиносӣ
Эроншиносӣ (форсӣ: ايرانشناسی) — маҷмӯи фанҳоест, ки таърих, иқтисодиёт, забону адабиёт, санъат, илму фалсафа, афкори иҷтимоию сиёсӣ, дину оин, урфу одат ва умуман маданияти моддию маънавии халқҳои эронинажодро меомузад.
Таърих
вироишЭроншиносӣ ҳамчун илм дар садаи XIX ташаккул ёфтааст. Ба пайдоиши он инкишофи муносибатҳои тиҷоратию дипломатии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ бо Эрон, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон мусоидат намуд. Нахустнн асарҳои эроншиносӣ сафарномаҳои сайёҳони аврупоӣ (асрҳои 13—14) ба шумор мераван д. Дар асрҳои 17—18 тарҷумаи осори адибони классики форс-тоҷик таърихномаҳо, таълифи грамматикаи забоин форсӣ, луғатномаҳо барои ташаккули эроншиносӣ замина гузоштанд. Ҷамъоварии дастхатҳои шарқӣ дар Лейден, Париж, Оксфорд ба инкишофи филологияи эронӣ мусоидат карданд. Шарқшиноси франсавӣ Ж. Мол матни пурраи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1838—78) ва тарҷумаи франсавии он (1876—78), олими австриягӣ Ҳаммер-Пургштал тарҷумаи пурраи девони Ҳофиз (ба забони немисӣ) ва «Антологияи назми форсӣ»-ро ба табъ расонданд. Дар ин замина «Девони ғарбию шарқӣ»-и Гёте ва тарҷумаи озоди рубоиёти Умари Хайём (Э. Фицдеральд) ба миён омаданд. Ҳамчунин нашри тарҷумаи франсавии Авесто (1771, А. Анкетиль-Дюперрон), мутолиаи матни осори хати мехӣ (Г. Ф. Гротефенд, Г. Роулинсов), чопи намунаҳои осори бадеии халқҳои эронинажод ва тарҷумаи онҳо ба забонҳои аврупоӣ эроншиносиро инкишоф доданд. Дар тарҷумаи таддиди адабиёти форс-тоҷик хидмати мутарҷимону мунаққидони Англия, Франция, Австрияю Венгрия, Германия хеле калон аст. Пурзур шудани сиёсати мустамликадории давлатҳои Аврупои Ғарбӣ низ эроншиносиро ривоҷ дод. Махсусан, омузиши забонҳои эронӣ, таърихи нав, этнография, нумизматика, палеография, авҷ гирифт, феҳристи дастнависҳои форси китобхонаҳои гуногуни олам (Ч. Рьё, Э. Блоше, X. Эте, В. Перч) нашр шуд. Донишмандони немис X. Бартоломе, X. Эте, П. Хорн, Т. Нёлдоке, И. Маркварт; венгер И. Гольдциер; англис Э. Браун, Э. Вест, Р. Николсон; италиявӣ Д. Пицци; франсавӣ К. Дармстетер, К. Бурбье де Мейпар; чех В. Томашек дар тадқиқи паҳлуҳои гуногуни таъриху маданияти халқҳои эронинажод саҳми калон гузоштаанд. Дар дохили эроншиносӣ шохаҳои нав — забоншиносӣ, таърихи адабиёт, таърихи маданияти қадим, таърихи нав, археология ва таърихи санъат ба вуҷуд омаданд. Натиҷаи эроншиносӣ дар охири садаи XIX — ибтидои садаи XX дар «Асосҳои филологияи эронӣ» (Страссбург, 1895—1904), бисьёр мақолаҳои «Энциклопедияи ислом» (ҷ. 1—4, Лейден — Лондон 1913—1934) ва ғ. ҷамъбаст гардидаанд.
Эроншиносии Ғарб дар садаи XX ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ бештар таваҷҷуҳ намуд. Як гуруҳ олимони Аврупою Америка ба тадқиқи маданияти қадими Эрон машғул шуданд. Дар тадқиқи маданияти асрҳои миёна ва нашри сарчашмаҳо донишмандони франсавӣ А. Массе; бельгиягӣ X. Корбен; англис Л. Локкарт, А. Арберри, А. К. Лэмбтон; немис X. Риттер, В. Хинк; даниягӣ А. Кристенсен, И. П. Асмусен; америкоӣ Р. Фрай, ҳиссагузорӣ карданд. Олими англис Ч. А. Стори феҳристи нисбатан мукаммали сарчашмаҳои таърихию адабиро чоп намуд. Имрӯз ҳам дар мамлакатҳои Ғарб масъалаҳои гуногуни эроншиносӣ омухта мешаванд.
Эроншиносӣ дар Эрон ва диг. кишварҳои Машриқзамин ҳарҷониба ривоӣ ёфтааст. Нахустин корҳо оид ба эроншиносӣ дар Эрон ба қалами маорифпарварон Абдураҳим Толибов, Оқохони Кирмонӣ, Малкумхон тааллуқ доранд. Давраи нави Э. дар ибтидои садаи XX шурӯъ шуд. Муҳаққиқони эронӣ масъалаҳои гуногуни эроншиносиро, аз қабили омузиши осори адабиву мадании қадим (Пури Довуд, Пирниё, Баҳроми Фаралашӣ), забон, таърих ва адабиёт (Муҳаммади Қазвинӣ, Тақизода, Нафисӣ, Бадеуззамони Фурузонфар, Насруллоҳи Фалсафӣ, Муҳтабо Минавӣ, Алиасғари Ҳинкмат, Қосим Ғанӣ, Парвиз Нотилӣ Хонларӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Зайнулобидини Муътаман ва диг.) таърихи илму фалсафа (Саидҳусейни Наср, Парвизи Мураввиҷ, Суҳайли Афнон, Ҳусайни Хадиви Ҷам, Қосими Ғанӣ), матншиносӣ ва сарчашмашиносӣ, тартиб додани феҳристҳо, таълифи луғатномаҳо ва танзими фарҳангҳо, таърихи забон ва сабкшиносӣ мавриди тадқиқу баррасӣ қарор додаанд. Баъзе олимони эронӣ адабиёти муосири эронро меомузанд. Дар Ҳиндустон олимони порсӣ бо омузиши Авесто ва осори адабиёти паҳлавӣ машғуланд. Эроншиносони Ҳиндустон М. Сиддиқӣ, С. Ҳусейн, Ҳоҷӣ Ҳасан, Шиблии Нуъмонӣ доир ба таърихи адабиёти форсу-тоҷик асарҳо эҷод кардаанд. Як зумра осори адабиву бадеӣ дар матбааҳои Ҳинд чоп шудааст.
Дар Покистон махсусан Донишгоҳи Лоҳур бештар тадқиқ ва нашри таърихномаю тазкнраҳои адабиёти форс-тоҷик ба роҳ монда шудааст. Эроншиносони Туркия дар масъалаҳои таърихи адабиёт, нашри осори илмию интиқодии осори бадеӣ ва ғ. ҳисса гузоштаанд.
Дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии Афғонистон масъалаҳои таърих ва забону адабиёти асрҳои миёна ва ғ. тадқиқ мешаванд.
Эроншиносӣ дар Шӯравӣ
вироишЭроншиносӣ дар Россия нимаи аввали садаи XIX ташаккул ёфт. Доир ба таъриху маданияти Эрон ва сарчашмаҳои ҷудогонаи таърихиву адабӣ тадқиқотҳои бисьёр ба вуҷуд омаданд. Тадқиқоти В. В. Бартольд, А. Е. Крымский, К. А. Иностранцев, В. Р. Розен масъалаҳои гуногуни таъриху маданиятро пайваста бо соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дарбар гирифтанд. ҷиҳатҳои гуногуни забон ва адабиёти халқҳои эронӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Эроншиносӣ пас аз Инқилоби Октябр дар асоси методологияи марксистию ленинӣ равнақи тоза пайдо кард. Дар Москва, Ленинград ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ марказҳои нави эроншиносӣ пайдо шуданд. Эроншиносони советӣ доир ба таърихи давраҳои қадим (асарҳои В. В. Струве, И. М. ва М. М. Дьяконов, М. А. Дандамаев, В. Г. Луконин); таърихи асрҳои миёна (тадқиқоти Б. Ғафуров, А. Ю. Якубовский, Б. Н. Заходер, И. П. Петрушевский, А. А. Семёнов, Н. В. Пигулевская); таърихи замони нав (асарҳои М. С. Иванов, С. А. Агаев, 3. 3. Абдуллоев) комёбиҳои барҷаста ба даст оварданд. Филологияи Эрон ба соҳаи мустақили илмӣ эроншиносӣ табдил ёфт. Доир ба масъалаҳои забоншиносӣ А. А. Фреиман, М. С. Андреев, И. И. Зарубин, Б. В. Миллер, Г. С. Ахвледиани, В. И. Абаев, М. Н. Боголюбов, В. С. Расторгуева, В. А. Лившиц, И. М. Оранский, Л. С. Пейсиков; адабиётшиносон С. Айнӣ, Е. Э. Бертельс, И. С. Брагинский, А. Н. Болдырев, А. Мирзоев, Д. С. Комиссаров, М. Н. Усмонов, А. А. Гвахария, Ш. Шомуҳаммадов тадқиқот анҷом додаанд.
Эроншиносӣ дар кишварҳои хориҷии социалистӣ, махсусан дар Чехословакия (Ян Рибка, О. Клима, И. Бечка, В. Кубичкова), РДГ (X. Юнкер, В. Зундерман, М. Лоренц), Венгрия (И. Хармата, Ж. Телегди), Польша (С. Махальский) низ ривоҷ дорад.
Доир ба масъалаҳои эроншиносӣ ҷамъомадҳои гуногуни илмии байналхалқӣ густариш меёбанд. Аз соли 1931 ин ҷониб оид ба санъат ва архитектураи Эрон конгресси байналмилалӣ барпо мегардад; соли 1967 дар Душанбе конгресси байналхалқӣ оид ба масъалаи Кушониён, Симпозиумт байналхалқии шеъри форсӣ, соли 1969 дар Самарқанд симпозиум оид ба санъати замони Темур, соли 1966 дар Теҳрон ва соли 1971 дар Рум конгресси эроншиносон баргузор шуданд.
Масъалаҳои эроншиносӣ илова бар Институти шарқшиносии АФ СССР, ки маркази координационии эроншиносӣ дар мамлакат мебошад, дар шуъбаю институтҳои АФ ва донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мавриди омузиш қарор дорад.
Доир ба масъалаҳои эроншиносӣ дар журналҳои «Народы Азии и Африки», «Азия и Африка сегодня» ва ғ. мақолаҳо ба табъ мерасанд.
Эроншиносӣ дар Тоҷикистон
вироишТоҷикистон яке аз марказҳои эроншиносӣ дар ИҶШС мебошад. С. Айнӣ ба эроншиносии илмии советии тоҷик асос гузоштааст («Намунаи адабиёти тоҷик», 1926). Тадқиқоти маъруфи Б. Ғафуров, А. Мирзоев, Б. Искандеров, Ш. Ҳусейнзода, X. Мирзозода, 3. Раҷабов, Н. Маъсумӣ, А. Мухтиров мақоми эроншиносии тоҷикро баланд бардоштанд. Донишмандони тоҷик дар тадқнқи забон (А. Л. Хромов, М. Қосимова, А. Обидов), фалсафа (А. Баҳоваддинов, М. Осимӣ, М. Раҷабов, А. Турсунов, М. Диноршоев), таърихи асрҳои миёна ва нави Эрону Афғонистин (Д. Назаров, Қ. Асадуллоев, Д. Саидмуродов, А. Темурхонов, С. Шохуморов), адабиёти асрҳои миёна ва наву навтарин (А. Афсаҳзод, Ф. Наҷмонов), фольклор (С. Норматов, Д. Обидов), дар таҳия ва тартиб додани луғатҳо ва нашри осори лексикографӣ (М. Фозилов, В. А. Капранов, Д. Рауфов, А. Нуров. Раҳим Ҳошим ва диг.) саҳм гузоштаанд. Дар Тоҷикистон масъалаҳои эроншиносӣ дар дар Ин-тҳои шарқшиносӣ, забон ва адабиёт, таърих, Шуъбаи фалсафаи АФ ва фак-тҳои шарқшиносӣ, филологияи тоҷик ва таърихи УДТ тадқиқ мешаванд.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бартольд В.. История изучения Востока в Европе и России, Л., 1925;
- Оранский И. М" Введение в иранскую филологию, М., I960;
- Очерки по истории изучения иранских языков, М., 1962;
- Брагинский И. С., Из истории иранистики, дар маҷм.: Иран. М., 1971;
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.