Эшони Алломаи Регарӣ (Абдушарифов Эшонҷон; 1 июли1947, деҳаи Чанори водии Рашт, Тоҷикистон — 9 сентябри 2015, Душанбе, Тоҷикистон) — воиз ва донишманди муосири шинохтаи тоҷик.

Эшони Аллома
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Абдушарифов Эшонҷон
Таърихи таваллуд 1 июл 1947(1947-07-01)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 сентябр 2015(2015-09-09) (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша аллома

Зиндагинома

вироиш

Абдушарифов Эшонҷон, маъруф ба Эшони Аллома 1-уми июли соли 1947 дар деҳаи Чанори водии Қаротегин, ки ба номи «Деҳаи Эшонҳо» маъруф аст, дар оилаи эшонзода ва руҳонӣ ба дунё омадааст.

Ӯ дар фиқҳ ҳанифимазҳаб асту дар тариқат пойбанди «Нақшбандия» ва дар ақида пайрави Абӯмансури Мотуридии Самарқандӣ мебошад. Аз сабаби дар шаҳри Турсунзода иқомат доштанаш номи нисбии Регариро низ ба номи ӯ меафзоянд — Мулло ё Эшони Алломаи Регарӣ. Эшони Аллома воиз ва донишманди муосири шинохтаи тоҷик буда, байни мардум бештар бо номи Мулло Аллома ва Эшони Аллома шинохта мешавад. Эшони Аллома донанди хуби забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, қирғизӣ ва арабӣ буданд. Эшон 7 писар ва як духтар дорад. Эшони Алломаи Регарӣ субҳи 9-уми сентябри соли 2015 дар сини 68-солагӣ бар асари бемории қалб дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузаштанд.

Силсилаи насаб

вироиш

Силсилаи насабии Эшони Аллома аз ҷониби модарӣ ба эшонҳои Гулканд, ки аз Мадинаи Мунаввара омадаанд ва аз ҷониби падарӣ бошад, аз наберагони Эшони Абдулвосеъ мебошанд, ки шаҷараи он ба насаби Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мерасад ва унвони эшонии Аллома низ аз ҳамин ҷо реша мегирад. Падари Аллома Эшони Муҳаммадшариф, дар баробари эшонзода ва рӯҳонии шинохта будан, ба деҳқонӣ низ шуғл меварзидааст.

Ба қавли Аллома падараш деҳқон буда, кишоварзиро аз обо ва гузаштагони худ касб кардааст. Аз ин рӯ, худи Аллома низ касби падарро давом доду дар замони Шуравӣ мироб шуда кор мекард.

Эшони Муҳаммадшариф, падари Эшони Аллома ҳангоми сар шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) мисли ҳазорҳо нафар шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба хидмати аскарӣ рафта, пас аз анҷоми ҷанг дар соли 1945 ба деҳаи худ бармегардад.

Аввалҳои соли 50-ум сокинони Қаротегини кӯҳиро ба водиҳо мекӯчонанд ва оилаи Муҳаммадшариф ба шаҳри Турсунзода омада, онро ҷои истиқомати худ қарор медиҳад, ки Эшони Аллома ҳамон вақт 6-7 сол дошт.

Таҳсил

вироиш

Эшони Аллома таълими ибтидоии мазҳабиро назди падараш Эшони Муҳаммадшариф гирифтааст. Аз соли 1954—1964 дар мактаби таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунад. Аз соли 1964—1966 дар назди Домулло Сафаралӣ дар шаҳри Қурғонтеппа китобҳои «Мухтасар ул Виқоя», «Шарҳ ул Виқоя» ва таҷвиди Қуръонро аз худ мекунад. Аз соли 1966—1972 дар назди Домулло Қозӣ Абдуррашид аз китобҳои «Ҳидояи шариф», «Сарф», «Наҳв», «Кофия», «Шарҳи Мулло»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Тафсири Ҷалолайн», «Қавоиди Ҷазарӣ» ва «Қасидаи Бурда»-и Хартутиро дарс гирифта, таҳсилоти мазҳабиашро такмил медиҳад. Дар ин давраи таълими шашсола хеле рушд кард, ин давра ҳаёти ӯро тағйир медиҳад. Устодаш Домулло Қозӣ Абдуррашид лақаби шогирдашро Аллома гузошта ва сипас бо ҳамин номи Алломаи Регарӣ машҳур шуда, дар натиҷа номи аслиашро аз байн бурдааст.

Шуҳрат ва касби лақаби Аллома

вироиш
 
Эшони Аллома дар ҳоли мавъиза

Соли 1972 Домулло Қозӣ Абдуррашид дар маҳфиле мегӯяд: Эшонҷон Аллома Тафтазонӣ (Масъуд ибни Умар — яке аз донишмандони шинохтаи олами Ислом, дар асри ХIV)-ро мемонад ва пас аз он Эшонҷон бо Аллома машҳур мешавад. Аллома мегӯяд: сабаби ин ишораи устод дар он буд, ки ман забони арабиро хуб медонистам ва бо риояи қоидаҳои дастурӣ ҳарф мезадаму дар дигар улуми исломие, ки назди устод таълим мегирифтам, яке аз беҳтаринҳо шуда будам. Пас аз ин маҳфили дарсӣ, устод Домулло Қозӣ Абдуррашид ва дигарон маро Аллома ном мебурдагӣ шуданд ва то ҳол бо ин ном маро мешиносанд ва номи аслиам, ки ба ман падару модарам гузошта буданд, аз байн рафт. Баъзан, худи ман низ фаромӯш менамоям, ки Эшонҷонаму волидонам маро чунин ном гузоштаанд. Азм намудаам, ки дар шиноснома Эшонҷонро ба Аллома иваз намояму Алломаи Муҳаммадшариф шавам".

Соли 1972 Эшони Аллома оиладор шуда, муддате ба омӯзиши мустақилона ва тадриси шогирдон машғул мегардад ва шуҳрати Аллома дар миқёси ҷумҳурӣ байни уламои мазҳабии тоҷик боло мераввад ва байни рӯҳониён ҳамчун Эшони Аллома шинохта мешавад. Аз соли 1983—1989 Аллома дар назди Муҳаммадҷон Рустамов, ки бештар бо лақаби Мавлавии Ҳиндустонӣ (дар сарчашмаҳо баъзан бо номи Қорӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ ва Домуллои Ҳиндустонӣ низ зикр мешавад) маъруф буду ҳоло ҳам бо ин ном шинохта мешавад, дар масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ-и шаҳри Душанбе ба муддати шаш сол дар ҳалқаи дарсии ҳуҷрагиш ширкат карда, то вафоти Мавлавӣ ӯро ҳамроҳӣ мекунад. Дар ин муддат Аллома пас аз кор ҳар рӯз (ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) аз Регар ба Душанбе сафар карда, дар хонаи Мавлавии Ҳиндустонӣ аз ӯ сабақ мегирифт. Эшони Аллома дар назди Мавлавӣ асарҳои Саъдии Шерозӣ «Бӯстон»-у «Гулистон», эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ, «Ҳикмат ул айн», «Нур ул анвор», «Усулу-ш-Шошӣ», «Ақоиди Насафӣ», аз китобҳои тафсир «Тафсири Байзовӣ», «Тафсири Кашшоф» ва «Тафсири Мадорик»- ро омӯхтааст.

Муҳоҷират

вироиш

Ибтидои солҳои 1990 бо ташаббуси Аллома ва шогирдонаш, сармеъмор Мулло Юсуф ва дастгирии сокинони Посёлкаи Регар бинои масҷиди ҷомеи ба номи «Эшони Аллома» сохта мешаваду иморатҳои ёрирасон ва дарвозахонаи он бошад, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва баргаштани Эшони Аллома аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 1997 сохта насб кард мешаванд. Пас аз соли 1997 Масҷид бо ташаббуси Эшони Аллома аз нав ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, аз қайди давлатии мақомот ва ахиран аз қайди Кумитаи оид ба корҳои дин низ гузаронида мешавад. Соли 1992 вақте Эшони Аллома ҷони худро зери хатар эҳсос мекунад, Регарро тарк карда, бо кумаки яке аз шогирдонаш ба водии Қаротегин сафар мекунад. Пас аз чанд муддат зану фарзандонашро ҳам ба назди ӯ интиқол медиҳанд. Аз соли 1993—1998 ҳамчун муҳоҷир ҳамроҳ бо хонаводааш ба Қирғизистон сафар карда, дар ин муддат ба мутолеа ва ҳифзи Қуръони карим машғул мешавад.

Пас соли 1992 ду бародари Аллома Эшони Бурмаҳмад (бародари калонаш), Эшони Ҳасан (бародари хӯрдиаш) ва дар маҷмӯъ 18 нафар аз хешону ақрабои ӯ кушта шуда, хонаашро оташ мезананд. На танҳо хонаи Аллома, балки хонаҳои қариб кулли сокинони «Посёлка»-и Регарро оташ ва мардумашро (ононе, ки паноҳ наҷустанд) ба қатл мерасонанд, ки ин ҳамаро ҳамчун як зарбаи равонии сангин қабул мекунад.

Узвияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

вироиш

Соли 1997 ба узвияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пазируфта шуда, то вафот бо ин Марказ ҳамкорӣ доштанд.

Устоди донишкада

вироиш

Аз соли 1997—2002 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа(Имоми Аъзам Абу Ҳанифа)) ба ҳайси мударрис ба донишҷӯён аз фанни тафсир: «Тафсири Байзовӣ» ва «Тафсири Ҷалолайн» дарс гуфтааст.

Роҳбалади ҳочиён

вироиш

Аллома солҳои 2001 ва 2002 ҳамчун роҳбалад 2 маротиба ба зиёрати Макка — Хонаи Худо сафар кардааст.

Соли 2009 вақте аз ҷониби Ҳукумат Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа эълон мегардад, хулосаи таҳқиқот ва тадқиқотҳои гузаронидаи худро дар бораи ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти Имоми Аъзам дар шакли китоб бо номи «Ҳақиқату-л-баён дар фазоил ва насаби Абӯҳанифаи Нуъмон» чоп мекунад.[1]

Панду андарз

вироиш

Эй бандагони Худо, бидонеду огоҳ бошед, ки ҳарф сари марг нест, балки чигунагии омадану рафтани инсон аст. Бояд дониста бошем, ки ба кадом ҳолат омадему чӣ тавр меравем. Касоне имон оварданду амали хешро тибқи фармони Худованд ва Паёмбар (с) анҷом додаанд, ҷаннат барои онҳо офарида шудааст.

  1. Масъудҷон Ғафурӣ, Аз рӯзгори пешвоёни мазҳабӣ, ҳафтаномаи «Рисолат», № 17 (304). 28 апрели соли 2014

Пайвандҳо

вироиш
  1. Рӯҳонии маъруф Эшони Алломаи Регарӣ аз олам даргузашт Бойгонӣ шудааст 11 сентябри 2015  сол.
  2. Даргузашти Алломаи Регарӣ дар беморхонаи Қарияи боло
  3. Даргузашти Алломаи Регарӣ