Мавлавии Ҳиндустонӣ

Муҳаммадҷони Хӯқандӣ (Қорӣ Муҳаммадҷон валади мулло Рустами Хӯқандӣ, мулаққаб ба Мавлавии Ҳиндустонӣ; 1892, Қӯқанд — 1989[1], Душанбе, Тоҷикистон) — донишманди маъруфи исломии Тоҷикистони шӯравӣ ва водии Фарғона, ширкатдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (19431944).

Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ
Қорӣ Муҳаммадҷон валади мулло Рустами Хӯқандӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Мавлавӣ Муҳаммадҷон Рустамов
Касб, шуғл: илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 1892(1892)
Зодгоҳ: Қӯқанд
Таърихи даргузашт: 1989(1989)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Эътиқод: ислом
Устодон: Эшони Абдурраҳмонҷон
Шогирдон: Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва Домулло Маъруфи Элокӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ соли 1892 дар деҳаи Чорбоғ наздикии шаҳри Қӯқанд дар водии Фарғона дар хонаводаи мусалмон ва рӯҳонӣ ба дунё омад ва даврони кӯдакӣ ва навҷавониро дар ҳамон диёр дар канори хонавода сипарӣ намуда, ҳамзамон маълумоти ибтидо­ии исломиро дар назди падараш гирифта, дар 14-солагӣ Қуръонро дар назди қориёни машҳури Хӯқанд ҳифз кард. Аз синни 16-солагӣ дар Бухорои Шариф, Мазори Шарифу Ҷалолободи Афғонистон ва Аҷмири Ҳиндустон таълимро дар мадраса ва дар назди шахсони алоҳида идома дод. Дар Мадрасаи олии усмонияи Аҷмир 10 сол таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти олии исломӣ шуд[2].

Аз вай ба унвони «Мавлавӣ», «Аллома» ва «Қорӣ» ёд мекунанд. Дар ҳақиқат ӯ шоистаи ин лақабҳо буд. Маъмулан аз ӯ «Ҳиндустонӣ» ва «Қӯқандӣ» ёд мешавад. Ҳиндустонӣ ба хотири чанд сол таҳсили вай дар Ҳиндустон ва Қӯқандӣ ба хотири зодгоҳаш ва Қорӣ ба хотири ин ки кулли Қуръонро ҳифз карда буд.

Таҳсил вироиш

Даврони таҳсили ӯ баробар бо ҳукумати Амир Олимхони Манғит (1910—1920) буд. Дар соли 1916 Русияи подшоҳӣ ҷиҳати ҷамъоварии сарбоз, мардони Осиёи Миёнаро барои ҷанги якум ҷаҳонӣ (1914—1917) ҷамъ намуд, ин кор сабаби ба вуҷуд омадани шӯришҳо бар зидди ҳукумат шуд[3]. Дар ҳамон сол вай, ки дар Бухоро таҳсил мекард, бо ҳамдарсони худ ба ҷойи ин ки водии Фарғона биёяд, ба кишвари Афғонистон рафт ва то суқути Бухоро ба дасти кумунистҳо дар соли 1920 дар Афғонистон буд ва дигар натавонист ба Бухоро баргардад[4]. Аз ин рӯй, ӯ барои касби илм роҳии Ҳиндустон шуд ва дар яке аз машҳуртарин мадориси илмияи ҷаҳони шарқи Ислом ба номи Девбандия[5], ки машҳур ба Алазҳари шарқ аст, машғули таҳсили илм гардид ва муддати чанд сол аз ин мадраса касби файз намуд[6]. Ӯ улуми исломӣ монанди: ҳадис, тафсир, таърих, фалсафа, мантиқ, ахлоқ ва ғайраро аз худ намуда ва аз назари биниши сиёсӣ ва андешаҳои каломии Ислом ҳам ба дараҷаи болое расида буд[7]. Тақрибан 20 сол тамоми давраи муҳоҷирати таҳсилии ӯ дар кишвари Афғонистон ва Ҳиндустон мегузарад.

Бозгашт, ҷанг ва зиндони сталинӣ вироиш

Мавлавӣ дар авоили даҳаи 1930 ба зодгоҳаш бармегардад. Дар ин замон ҳукумати Манғитиён барои ҳамеша аз байн рафта ва ба ҷойи он кишварҳои сусиёлистӣ ба вуҷуд омада буданд. Ҳукумати кумунистии Шуравӣ асоси худро мухолифат бо Ислом гузошта ва ҳамаи ниҳодҳои исломиро аз байн бурда буд. Ӯ дар соли 1928 барои адои фаризаи Ҳаҷ озими хонаи Худо мешавад ва баъди бозгашт аз Ҳаҷ, як сол баъд, ба зодгоҳи худ бамегардад. Дар он рӯзҳо чеҳраҳои динӣ ва уламо аз тарафи ҳукумат дастгир ва зиндонию шиканҷа мешуданд, Мавлавиро низ дастгир намуда зиндонӣ мекунанд. Бо шурӯъ шудани ҷанги ҷаҳонии дуввум (1941—1945) дар соли 1943 ӯро ба унвони сарбоз ба ҷанг мефиристанд. Вай дар шаҳри Минск дар соли 1944 захмӣ шуда, аз сарбозӣ маъоф мешавад. Баъд аз табобат, дар Русия монда дар яке аз колхозҳои он ба унвони чӯпон чанд сол машғул ба кор мешавад, ки бори дигар ба зиндон меафтад. Пас аз озод шудан, ба зодгоҳи худ водии Фарғона нарафта, ба Душанбе меояд[4]. Дар маҷмӯъ, Мавлавӣ дар се марҳала 10 сол дар зиндон буд. Ва дар соли 1955 баъд аз марги Истолин соли 1953 шомили авф қарор гирифта ва қабл аз итмоми давраи зиндон, озод шудааст[8].Ӯ дар мавриди зиндонӣ шуданаш мегӯяд: «Ман се бор зиндонӣ шудам ба ҷурми ин ки гӯё бар хилофи давлат дар байни мардум ташвиқ карда бошам. Дар мартабаи аввал як сол ва дар мартабаи дуввум се сол ва дар мартабаи сеюм 25 сол доданд.»

Иқомат дар Душанбе вироиш

Даврони зиндони Мавлавӣ дар миёнаи солҳои 1933 то 1955 мебошад. Баъд аз озод шудан дар солҳои 1955 ба Тоҷикистон омад ва шаҳрванди он гардид. Ӯ шаҳри Душанберо ба унвони иқоматгоҳи худ интихоб намуда ва дар яке аз маҳаллаҳои ба номи «Шёлккомбинат» мустақар мешавад. Ба назар мерасад, то охири умр дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекард. Ӯ дар Донишгоҳи Шарқшиносии Тоҷикистон ба унвони мушовир машғул ба кор мешавад, вале дар муддати кӯтоҳе ӯро аз донишгоҳ ихроҷ мекунанд. Дар ин ҳангом тақрибан 70 сола буд. Ӯ ҳамчун нафақахӯр ва ҳамчун иштирокчии ҷанги ҷаҳонӣ, ба зиндагии худ идома медиҳад. Ба қавли дигар, вай баъд аз он ки вориди Тоҷикистон шуд, ба унвони имоми ҷамоати масҷиди «Мавлоно Яъқуби Чархӣ» дар шаҳри Душанбе интихоб шуда ва то охири умр имомати онро ба уҳда дошт. Ба ҳар ҳол ӯ дар ин муддат камар ба таълим ва тарбияти шогирдон ба таври махфӣ баста ва то охири умр дар ҳамин роҳ фаолият мекард.

Таълим ва тадрис вироиш

Ҳукумати Шуравӣ ҳадафи зиддимазҳабӣ дошта ва душмани ҳамаи адён буд, аз ҷумла дини Ислом. Ислом дар замони Шуравӣ мароҳилеро тай намудааст, ки дар ниҳоят манъи сиёсатҳо дар мавриди Ислом гардид[9]. Дар соли 1942 Абдурраҳмон Расулов муфтии Уфо тарҳеро барои оддисозии робитаҳои ҳукумати Шуравӣ бо мусалмонон ба Истолин пешниҳод дод ва мавриди қабули ӯ қарор гирифт ва сабаби ташкили марокизи динии исломӣ дар Шуравӣ гардид. Бо вуҷуди ин ки маркази динии Осиёи Миёна оғоз ба кор намуда буд, вале дар Тоҷикистон мувофиқи қонуни он давра, ҳар гуна тадрис ва таблиғи динӣ мамнуъ буд. Агар касе ки ба ин кор машғул буд, дастгир намуда ва ба маҳкама мекашонданд[10]. Мавлавӣ дар даҳаи 1970 ва 1980 таълим ва тадриси худро ба тарзи ғайрирасмӣ оғоз намуд, кори ӯ мавриди истиқболи гарми ташнагони маорифи исломӣ аз рӯҳониён, ҷавонон ва бузургон қарор гирифт ва тӯле накашид, ки овозаи ӯ саросари Тоҷикистонро фаро гирифт ва ба хориҷ аз Тоҷикистон низ рафт. Вай ташкилдиҳандаи маҷлисҳои дарсӣ буда ва ҳалқаҳои дарсии худро ба таври махфӣ созмон дода ва дар онҳо равишҳои таълим ва тарбияти ҷадидеро ба кор гирифт, ки бо равиши маъмули онвақта то андозае тафовут дошт. Улуми исломӣ дар он давра тадрис мешуд, вале камранг буд ва олимоне буданд, ки мардумро мавъиза мекарданд ва шогирдон ва муридони зиёде доштанд; монанди: Эшони Тӯраҷон (1935—2005) ва дигарон. Бо вуруди Мавлавӣ ба муҳити динии Тоҷикистон, улум ва маорифи исломӣ рангу бӯйи дигаре ба худ гирифт. Ӯ таълими дарсҳои тафсир, ҳадис ва ақидаро ҷузъи барномаҳои ҳатмии дарс намуд. Аҳаммияти ин дарсҳо дар он буд, ки таълими онҳо ба шогирдон илова бар омӯзиши масоили фиқҳӣ ва адабӣ, ба тадриҷ масоили фикрӣ, каломӣ ва иҷтимоии Исломро дарк мекардаанд. Самараи ин заҳматҳо боиси ба вуҷуд омадани шогирдони барҷаста гардид, ки ҳар як ба навбаи худ нақши муассире дар ҷомеа ва сиёсат доштанд. Ҳамаи он дарсҳо монанди ҳадис, тафсир, калом, адабиёти араб, адабиёти форсӣ ва ғайраро Мавлавӣ таълим додааст ва авҷи фаолият ва тадриси ӯ даҳаҳои 1970 ва 1980 мебошад. Дар ҳамон солҳо ҳукумати кумунистӣ ӯро бисёр озору азият медод ва чанд бор ӯро дар ҳолати дарс додан, дастгир карда буд, кор ба ҷое расид, ки бархе аз дарсҳои худро таътил кард[11].

Шогирдон вироиш

Мавлавӣ аз назари улуми исломӣ як устоди барҷаста ва забардаст буд. Ӯ илова бар ин ки дар улуми исломӣ монанди фиқҳу адабиёти араб ва ғайра табаҳҳур дошт, аз назари андешаҳои каломӣ, сиёсӣ ва фикрии исломӣ низ дар он замон беназир буд. Ба ҳамин хотир толибони илм ҷиҳати касби он илмҳо ва тахассусҳо ба назди эшон меомаданд. Бештари уламои имрӯзи Тоҷикистон шогирди Мавлавӣ будаанд, монанди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Нуриддинҷон, Эшони Саидашраф, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Махдуми Исмоил, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Мавлавӣ Абдулҳай, Махдуми Бурҳониддин, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Мавлавӣ Муҳаммадқосим, Махдуми Убайдуллоҳ, Эшони Маҳфузуллоҳ, Домулло Маъруфи Элокӣ ва дигарон[12].

Осор вироиш

Илова бар таълим ва тадрис, аз Мавлавӣ осоре бар ҷой монда аст. Осори ӯ аз ду тариқ боқӣ монда аст: 1. Таълифот, 2. Наворҳои суханронӣ Таълифоти ӯ дар мавриди тафсир, торих, ашъор ва рисолаҳои кӯчак мебошад. Аз корҳои муҳимми ӯ навиштани тафсири Қуръони Карим дар шаш ҷилд ба забони узбакӣ мебошад, ки он дар ҷавоби китоби Сайидқутб навишта ва дар соли 1984 навиштани онро ба поён расондааст. Дар охири даҳаи 1980, ҳарчанд ваҳҳобие дар минтақа вуҷуди хориҷӣ надошт, аммо масъалаи ваҳҳобият авҷ гирифт. Ҷолиб ин ки ҳар касе ки андешаҳои ҷадид дошт ва бо хурофот, одоб ва русуми ғалати ҷомеа мухолифат мекард, ӯро ваҳҳобӣ мегуфтанд. Мавлавӣ дар шинохти ваҳҳобият рисолаи кӯчаке ба номи «Торихи ваҳҳобият» навишт, ки ҳаҷми он бисёр кам ва ба андозаи чанд сафҳа буд. Ҳамин тавр як рисолаи бисёр камҳаҷми дигар дар радди номае, ки ба Мавлавӣ навишта шуда ва эшонро таҳқир намуда буд, навиштааст. Имрӯз нусхаи он бо дастхатти Мавлавӣ дар назди яке аз шогирдонаш боқӣ мондааст. Наворҳои суханронии ӯ забт шуда ва то ба ҳол дар назди шогирдон ва мухлисони ӯ мавҷуд мебошанд. Аз эшон як филми мустанад ба номи «Он чӣ ки аён аст» боқӣ мондааст, ки дар соли 1987 тавассути оқои Мирбобо Мирраҳим ва А. Пулодов ба навор гирифта шудааст.

Фарзандон вироиш

Мавлавӣ дорои фарзандоне(30) будааст, ки ба назар мерасад, ҳамааш духтар мебошанд. Ончунон, ки ба он даст ёфтем, фарзандони ӯ дар роҳ ва хатти Мавлавӣ набуданд; яъне роҳи ӯро дар муҳити динӣ касе ба уҳда нагирифт. Ӯ Мавлавӣ Абдулҳайро, ки яке аз беҳтарин шогирдон ва Бедилхони ӯ буд, ба унвони фарзандхонда мегирад.

Даргузашт вироиш

Мавлавӣ умри тӯлонии наздик ба 100 сол дошт, ӯ даврони ҳукумати Абдулаҳадхон (даврони ҳукумат: 1885 то 1910) ва даврони ҳукумати писари ӯ Амиролимхони Манғит (даврони ҳукумат 1910 то 1920) ва тақрибан ҳамаи даврони ҳукумати Шуравиро дарк намуда буд. Саранҷом дар синни 97 солагӣ соли 1989 дар шаҳри Душанбе дори фониро видоъ гуфта ва дар канори қабри Мавлоно Яъкуби Чархӣ (851ҳ.қ.) аз тобеи шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.

Бузургдошт вироиш

Мардуми мусалмони тоҷик ба хусус шогирдони ӯ дар шаҳри Душанбе дар наздикиҳои фурудгоҳ ба хотири заҳамоти ин бузургвор ва ба поси ёдбуд ва қадрдонӣ масҷидеро ба номи «Масҷиди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ» номгузорӣ карданд. Имрӯз дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ Мавлавӣ ба унвони як чеҳраи барҷастаи динӣ, донишманд ва мутафаккири ҷаҳони Ислом, шинохта шуда ва назди оммаи мардум аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст.

Эзоҳ вироиш

  1. Рудов Г. А. Ислам в Центральной Азии: масштабы и перспективы влияния // Научно-аналитический журнал Обозреватель — Observer. — 2014. — № 6 (293). — С. 63
  2. Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — С. 368. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.
  3. Тоҷикон. Бобоҷон Ғафуров, ҷ.2, саҳ.1107.
  4. 4.0 4.1 Мавлавии Ҳиндустонӣ: Аз Бухоро то зиндонҳои Шӯравӣ // Радиои Озодӣ. 6 марти 2011.
  5. Дорулулуми Девбандия дар соли 1867 тавассути Муҳаммад Қосими Нонутӣ, ки аз барҷастатарин уламои пайрави мактаби Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ (1703—1762) ва Сайид Аҳмадхони Барлавӣ (1782—1831) мебошад, поярезӣ шуд, китоби Ҷунбишҳои исломии муосир, Сайид Аҳмад Мувассақӣ, саҳ 277 ва 278.
  6. Уламои Ислом дар Тоҷикистон. Абдуллоҳи Роҳнамо, саҳ.119.
  7. Тадрис ва таълими шогирдон дар Тоҷикистон, гувоҳ бар ин аст.
  8. Уламои Ислом дар Тоҷикистон. Абдуллоҳи Роҳнамо, саҳ.185.
  9. Доиратул маорифи ҷаҳони навини Ислом, ҷ.1, саҳ.359.
  10. Баргузидае аз гуфтугӯҳои устод домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, саҳ.24
  11. Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст. Гуфтугӯ бо Эшони Тураҷон, с 45.
  12. Уламои Ислом дар Тоҷикистон. Абдуллоҳи Раҳнамо, саҳ, 203.

Пайвандҳо вироиш