Эшони Нуриддинҷон
Эшони Нуриддинҷон (20 марти 1953, деҳаи Туркобод, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон) — воъиз, яке аз маъруфтарин рӯҳониёни Тоҷикистон. Бародари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода
Нуриддинҷон Қаҳҳоров | |
Таърихи таваллуд | 20 март 1953 |
Зодгоҳ | деҳаи Туркобод, ноҳияи Орҷоникидзеобод |
Зиндагинома
вироишЭшони Нуриддинҷон 20 марти соли 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Орҷоникидзеобод дар хонадони ҳазрати Эшони Тӯраҷон (раҳимаҳуллоҳ) ба дунё омадааст. Нуриддинҷон аз овони кудаки шавқу рағбати зиёде ба илмомӯзӣ дошт, ки падари бузургвораш ҳазрати Эшони Тӯраҷон (раҳимаҳуллоҳ) ӯро ба назди бобояш домулло Абдуссамади Ромитӣ гузошт. Дар назди эшон аксари Қуръонро ҳифз намуда, улуми аввалиро низ аз ӯ гирифт. Эшон ҳанӯз аз айёми кудаки бо овози хушу форами худ муҳаббати Қуръонро дар синаи дустдоронаш дучанд гардонида буд. Сипас илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ омӯхт. Баъд аз он барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мирос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирди кашид то ин улумро аз худ кард. Эшон аз ҷумлаи шогирдони мумтоз ва ангуштшумори Мавлавӣ буд, ки ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ унвони донишмандӣ ва фақеҳиро дар миёни аҳли илми кишвар касб кард. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи № 9 ноҳияро бо баҳои аъло хатм карда, ба таълиму тадрис ва ваъзу иршоди мардуми азизи кишвар шуғл варзидааст. Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар кишвари Қазоқистон муҳоҷир буданд.
Аз ин ҷост, ки садҳо шогирди лоиқу сазовор барои пешбурди дини Худо ба ҷомиъа тақдим кардаанд. Эшон дорои ахлоқи ҳамида ва бузурги инсонианд. Ниҳоят ғаюру шуҷоъ ва сабуру хоксоранд. Ӯ аз ҷумлаи донишмандонест, ки аввалин шуда дар масоили доғи рӯз тавассути минбар ва маросимҳо овози хешро баландмекунад ва умарона дар муқобили душманони ислом истода, дифоъ аз муқаддасоти ислом ва мардуми мусулмони мазлум менамояд. Инчунин Эшон ба ҳайси як воъизи ширинсухан ва ҳақгӯ, ки дар гуфтани сухани ҳақ аз касе эҳсоси хавфу хатар намекунад, дар миёни хосу ом шуҳрат касб кардаанд.
Эъҷодиёт
вироишЭшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васалам) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи васалм) ҷоиз аст?» (с.2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (2003) таълиф кардаанд.[1]
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН Бойгонӣ шудааст 8 апрели 2015 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |