Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

(Тағйири масир аз Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода)

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода (Қаҳҳоров Акбар Тӯраевич; 16 феврали 1954, деҳаи Туркобод, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадор, давлатмард ва яке аз маъруфтарин руҳониёни Тоҷикистон. Бародари Эшони Нуриддинҷон.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Акбар Тӯраҷонзода
1998 — 2005
Нахуствазир Оқил Оқилов
парчам
1-умин ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик
1993 — 1998
Ҷонишин вазифа барҳам хурд
парчам
1-умин раиси Идораи қозиёти мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон
1993 — 1998
Ҷонишин вазифа барҳам хурд
парчам
1-умин раиси Идораи қозиёти мусулмонони ҶШС Тоҷикистон
1988 — 1991
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Таваллуд 16 феврал 1954(1954-02-16) (70 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод ислом ва суннӣ

Зиндагинома

вироиш

Вай 16 феврали 1954 дар деҳаи Ваҳдатобод дар ноҳияи Орҷоникидзеобод дар хонаводаи руҳонии маъруф Тураҷон Қаҳҳоров Эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда ва ҳамзамон бо таҳсили мактаб, аз падар ва бобои модарии худ маълумоти ибтидоии диниро фаро гирифтааст.

Вай солҳои 1972—1977 дар мадрасаи Мири Араб дар шаҳри Бухоро ва солҳои 1977—1980 дар Донишгоҳи исломии Имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд таҳсил карда ва сипас дар солҳои 1980—1982 дар бахши равобити хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият доштааст.

Дар соли 1982 донишҷӯи факултаи шариат дар Донишгоҳи Урдун шуд ва онро соли 1987 ба поён бурд. Солҳои 1987—1988 дар Донишгоҳи Имом Бухорӣ дар Тошканд аз фиқҳ ва ҳадис дарс додааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар солҳои 1988—1993 масъулияти Идораи Қозиёти мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дошт ва дар он замон бо унвони Қозикалон маъруф буд. Ҳамзамон бо ин, дар феврали соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз оғози соли 1993 то оғози соли 1998 дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, мақоми ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ)-ро ба дӯш доштааст. Ҳамзамон бо ин, дар тамоми тӯли музокироти сулҳи тоҷикон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ИНОТ-ро ба уҳда дошт.

Баъди имзои созишномаҳои сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба мақоми муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гашта, дар солҳои 1998 то 2005 дар ин симат фаъолият дошт. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода солҳои 2005—2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Пайвандҳо

вироиш