Эҳсони Ёршотир (форсӣ: احسان يارشاطر‎; 3 апрел 1920[1], Ҳамадон[3]2 сентябр 2018[2], Фресну[d], шаҳристони Фресну[d], Калифорния) — эроншинос, забонишинос ва нависандаи эронӣ, муҳаққиқ ва мутахассиси фарҳангу забонҳои бостонии эронӣ. Профессори донишгоҳи Колумбия.

Эҳсон Ёршотир
форсӣ: احسان يارشاطر
Таърихи таваллуд 3 апрел 1920(1920-04-03)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 сентябр 2018(2018-09-02)[2] (98 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ эроншиносӣ[4] ва забоншиносӣ[4]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Вебгоҳ perlit.sailorsite.net/…(англ.)
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ёршотир Эҳсон 3 апрели соли 1920 дар шаҳри Ҳамадон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи забону адабиёти форси донишгохи Теҳрон (1947). Дар факултаи ҳуқуқ низ тахсил намуда, соли 1948 дараҷаи докториро дарёфт кард. Ёршотир дар Донишгоҳи Теҳрон забон ва адабиёти форсиро дарс медод. Баъдан барои таҳсили илм ба Англия рафта ба шарқшинос — эроншиноси олмонӣ В. Б. Ҳенинг (1908-67) ба таҳқиқи забонҳои бостонии эронӣ пардохт.

Ёршотир соли 1950 дар Мактаби пажӯҳишҳои шарқӣ ва африқоии донишгоҳи Лондон, ки онро Ҳенинг таъсис дода буд, ба таҳқиқи забонҳои шимолу ғарбии эронӣ (гурӯҳи тотию толишӣ) машғул шуд. Соли 1953 ба Эрон баргашта, дар факултаи забонҳои бостонии Донишгоҳи Теҳрон дарс мегуфт.

Соли 1955 Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб ва соли 1956 Анҷумани китобро таъсис намуд. Дар ҳамон сол ҳамроҳ бо Эраҷи Афшор ва Мустафо Муқаррабӣ маҷаллаи «Раҳнамои китоб»- ро мунташир кард.

Солҳои 1958-60 ба Донишгоҳи Колумбия (ИМА) даъват шуда, аз фанни забонҳои бостонии эронӣ дарс мегуфт. Пас аз он ба Эрон бозгашт. Соли 1960 дар Кунгураи байналмилалии шарқшиносон дар Маскав дар боби «Лаҳҷаи тотии ҷануби Қазвин» суханронӣ кард, ки баъдан бо пайгирии ин мавзӯъ ба унвони доктори фалсафаи донишгоҳи Лондон муашрраф шуд.

Аз соли 1961 корманди доимии донишгоҳи Колумбия буда, соли 1966 «Маркази мутолиоти эроншиносӣ»- ро таъсис дод.

Ёршотир раиси бахши забонҳову фарҳангҳои Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Колумбия (1969-75) буд. Ӯ соли 1982 луғатномаи энсиклопедияи «Ираника»- ро ба Донишгоҳи Колумбия пешниҳод кард ва аввалин шумораашро соли 1982 мунташир намуд. Аз 45 ҷилди банақшагирифтаи ин китоб 16 ҷилди он ба табъ расид. Аз соли 1976 донишномаи «Эрон ва ислом» зери назари ӯ мунташир шуд, аммо пас аз чопи 11 ҷилд интишори он қатъ гардид.

Ёршотир китобҳои «Шеъри форсӣ дар аҳди Шоҳрух ё оғози инҳитот дар шеъри форсӣ» (1956), «Забонҳо ва лаҳҷаҳои Эрон» (1958), «Наққоши навин» (ду ҷилд, 1966-67), «Авҷҳои дурахшони ҳунари эронӣ»(2001), «Ҳузури Эрон; дар ҷаҳони ислом» (2003); осори англисӣ — "Баргузидаи «Шоҳнома» (1982), «Адабиёти форсӣ» (1988) ва ғайраро навишта ба табъ расондааст.

Асарҳои «Мероси Эрон; таҳқиқоти эронӣ» (12 ҷилд), матни арабии «Таърихи Табарӣ» («Таъриху-р-русули ва-л-мулук»)-ро ба забони англисӣ тарҷума ва нашр кардааст.

  1. 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  2. 2.0 2.1 https://www.nytimes.com/2018/09/18/obituaries/ehsan-yarshater-dead.html
  3. 3.0 3.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118959263 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  4. 4.0 4.1 Чешская национальная авторитетная база данных

Адабиёт

вироиш