Юрмон (лот. Spermophilus) — сардае аз тираи санҷобон.

Юрмон

Юрмони доғдор

Юрмони кӯҳӣ

Юрмони аврупоӣ

Юрмони зард
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Spermophilus Cuvier, 1825

Дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон 3 намуди юрмон вомехӯрад.

  • Юрмонии регзoр (Spermo-philopsis lepto-dactylus). Дарозии танаш 21-27 см, думаш 18—23 см ва вазнаш 500—800 г. Юрмони регзор ба шароити биёбони регзор хеле хуб мутобиқ, шудааст; пойҳои он (махсусан пойҳои ақиб) нағз инкишоф ёфтаанд. Тез медавад. Ангуштони пойҳои пешаш дарозанд. Тобистон пусташ зард, пашмаш кутоҳи тунук ва дурушт, зимистон бошад, пашмаш дарози коҳранг, ғулӣ ва абрешиммонанд мешавад. Асосан дар регзори поёноби Вахш (регзори Қашқақум ва Қародум) ва Кофарниҳон (регзори назди Айвоҷ) маскан гирифтааст. Дар ҳама (регтуда) лонаҳои ҷудогона ва оилавӣ месозад. Соле як маротиба (февр.— март) афзоиш мекунад. Ох. апр. ва авв. май 2—5-то бача мезояд. Ҷонвари алафхор аст.
  • Юрмони куҳӣ (Citellus relictus) сокини хоси даштҳои куҳсори Тиёншон мебошад. Дар Тоҷикистон фақат дар қ-куҳи Дурама аз доманакуҳ (750—850 м аз с. б.) то баландкуҳ (3000—3100 м) маскан гирифтааст. Дарозии танааш 22—26 см, думаш 5—8 см, вазнаш (зимистон пеш аз хоб рафтан) 500—700 г; баъди аз хоб хестанаш 250—450 г. Пусти тахтапушташ зарди буртоб ва хол-хол аст. Пашмаш дароз ва нисбатан дурушт. Дар теппаҳои гилхок, санглох, заминҳои партов, атрофи киштзори ғалладонаву зироати хуроки чорво, қад-қади шабакаҳои обёрӣ, арчазори сирак ва ғ. лона месозад. Дар доманакуҳҳо моҳи март, дар баландкуҳҳо апр. афзоиш меёбад. Давраи ҳамлаш 26—28 рӯз; 3—11-то бача мезояд. Онҳо тез инкишоф меёбанд, баъди 30 рӯз дарозии танаашон 17—14 см ва вазнашон 55—65 г машавад. Юрмони куҳӣ июль—авг. ба хоб меравад (7—8 моҳ давом мекунад). Юрмони куҳӣ алаф ва ҳашарот мехурад.
  • Юрмони зард (Citellus fulvtis) нисбат ба юрмонҳои дигар калонҷуссатар аст; дарозии танаш 26—34 см, думаш 6—10 см, вазнаш пеш аз хоби зимистона 700—1300 г ва баъди аз хоб хестанаш 500—900 г. Ҷонварл хоси биёбонҳои гилхоки Қазоқистони Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна мебошад. Юрмони зард фақат дар шим. Тоҷикистон (даштҳои Дилварзин, Мирзочул,. ғарби водии Фарғона, шим. ғарбии қ-куҳҳои Курама, Туркистон ва Зарафшон то 1400—1700 м аз с. б.) вомехурад. Февр.— март афзоиш мекунад. Давраи ҳамлаш 30 руз; 3-9-то бача мезояд. Юрмони зард рустанӣ, инчунин тобистон ҳашарот (гамбускҳо, кирминаи шапалакҳо)-ро мехурад. Ҳоло дар натиҷаи шикор ва корам шудани маҳалҳои сукунат юрмонҳо хеле кам шудаанд.

Сарчашма

вироиш
  • Юрмон / Г. С. Давидов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).