Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Табиб (форсӣ: یوسف بن محمد بن یوسف طبیب‎; Ҳирот1544) — пизишк, донишманд ва шоири форс-тоҷик. Муаллифи «Ҷомеъу-л-фавоид», ки бо номи «Тибби Юсуфӣ» маъмул аст.

Юсуфии Ҳиравӣ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1544

Зиндагинома

вироиш

Дар Бухоро ва Самарқанд таҳсил намуда, дар дарбори Бобур кор ва эҷод кардааст. Юсуф ибни Муҳаммад чунин асарҳоро таълиф намудааст: «Баҳру-л-ҷавоҳир», «Фавоиду-л-аҳёр», «Далоилу-л-бавл», «Далоилу-н-набз», «Қасида дар ҳифзи сиҳат», «Қасида дар баёни номҳои адвия» (ба забони ҳиндӣ), «Қасида дар аснои аҷноси адвия», «Рисолаи маъқул ва машруб» ва ғайра. «Фавоиду-л-аҳёр» дар шакли назм навишта шудааст ва ба ғайр аз доруҳои муфрада, боз дар бораи баъзе таомҳо, хосияти нушокиҳо низ маълумот медиҳад. Юсуф ибни Муҳаммад дар таълифи асарҳои худ аз осори Суқрот, Ҷолинус, Сино ва дигарон истифода кардааст.

Юсуф ибни Муҳаммад баробари табиби ҳозиқ ва олими забардаст будан, дар шеъру шоирӣ низ ҳунарнамоӣ кардааст. Писари Юсуф ибни Муҳаммад Исмоил низ табиб буда, дар боби тиб таълифот доштааст.

Адабиёт

вироиш
  • Юсуф ибни Муҳаммад // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).