Юсуфи Балосоғунӣ
Юсуфи Балосоғунӣ (ар. يوسف خاص حاجب البلاساغوني; тақрибан 1019, Балосоғун, Давлати Қарахониён — тақрибан 1077, Шаҳристони Қошғар, Давлати Қарахониён) — шоир, донишманд ва мутафаккири туркзабони Осиёи Миёна.
Таърихи таваллуд | тақрибан 1019 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 1077 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар |
Зиндагинома
вироишДар Қошғар таҳсил намуда, ба камол расидааст. Юсуфи Балосоғунӣ муаллифи яке аз қадимтарин осорӣ адабиёти халқҳои туркзабони Осиёи Мнёна — достони «Қутадғу билик» («Китоби бахт», таълифаш 1069, ба забони уйғурии давраи Қарахониён) мебошад. Ӯ нахустин шоирест, ки ба туркӣ бо вазни арӯз шеър гуфтааст. «Қутадғу билик» маснавии андарзӣ ва сиёсист. Қаҳрамонони асар чор образи рамзӣ — Одил, Давлат Оқил ва Қаноат мебошанд. Ба қавли Юсуфи Балосоғунӣ, эрониён китоби уро «Шоҳнома»-и туркӣ мегуфтаанд. Юсуфи Балосоғунӣ да «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ашъори шоирони форс-тоҷики қарни 10 бохабар будааст. Дар асараш Фаридун, Афросиёб, Рустам ва дигар борҳо ёд мешаванд. Яке аз бобҳои он бо қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рудакӣ ҳамоҳанг аст. Дар «Қутадғ билик» забони тоҷикӣ баробари забони арабӣ ҳамчун забоне, ки ба он осори адабии зиёде эҷод шудааст, зикр гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Юсуфи Балосоғунӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).