Ямчун — деҳаест дар ҷамоати Птупи ноҳияи Ишкошими ВМКБ. Аз деҳа то маркази ҷамоат 5 км, то ноҳия 59 км. Деҳа мактаби ибтидоӣ, фермаи ширию молӣ ва мағоза дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш чорводорӣ, ғаллаю картошкакорист. Деҳа табиати бой ва манзараи дилкушо дорад. Дар наздикии деҳа чашмаи Биби Фотимаи Заҳро ва қалъаи Ямчун ҷойгир аст.

Деҳа
Ямчун
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят ВМКБ
Ноҳия Ишкошим
Ҷамоат Деҳоти Птуп
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 638 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3553