Яшилкӯл
Яшилкӯл — кӯл дар Помири Шарқӣ (ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон) буда, дар қисми ғарбии водии дарёи Аличур, дар баландии 3734 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Номи кӯл аз нигоҳи сохт мураккаб буда, аз ҷузъҳои яшил — тоза, равшан, ҷилодор ва кӯл — оби ҷамъшуда таркиб ёфта, маънояш оби равони тоза, равшан мебошад.[1]. Яшилкӯл, ҳоло дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табии Тоҷикистон — Боғи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, Кӯл ба ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон, ки соли 2013 ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шудааст.
тоҷ. Яшилкӯл | |
Морфометрия | |
Баландии мутлақ | 3 734 м |
Масоҳат | 36 км² |
Ҳаҷм | 0,45 км³ |
Чуқурии калонтарин | 50 м |
Ҳавз | |
Дарёи обрез | Аличур |
Дарёи обгир | Аличур |
Макон | |
37°45′ с. ш. 72°53′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 130. — 470 с.(тоҷ.)