Аличур (дарёи Ғунд)
Аличур — онро дарёи Ғунд ҳам мегӯянд. Аз лиҳози маъмури дар ноҳияи Шуғнон ҷой гирифта, ҳавзаааш 1370 км мураббаъ аст. Вай аз шарқи Помир сар шуда, ба Яшилкӯл мерезад. Аз резишгоҳи ин кӯл номи Ғундро мегирад. Дарозии он 296 км мебошад. Давраи серобтарини дарёи Аличур моҳҳои июл-август буда, аз он дар як сония 34,1 м кубӣ, дар давраи камобиаш (моҳи феврал) 24,2 м куби об ҷорӣ мешавад. Ҳоло барои дарёи Аличур сохтани нерӯгоҳи барқии обӣ азм доранд.
Аличур (дарёи Ғунд) | |
---|---|
Ҷараёни об | |
Сарчашма | |
• Координатаҳо | 37°37′51″ а. шим. 73°58′41″ т. ш.HGЯO |
Резишгоҳ | Панҷ |
• Координатаҳо | 37°29′23″ а. шим. 71°31′11″ т. ш.HGЯO |
Мавқеъ | |
|
|
Аличур (дарёи Ғунд) дар Викианбор |
Пайвандҳои берунаВироиш
- http://andesha.tj/node/554(пайванди дастнорас)