Яъқуби Лайс
Яъқуби Лайси Саффорӣ (форсӣ: یعقوب لیث صفاری; 25 октябр 840[1], Qarnin[d], Tahirid Empire[d], Хилофати Аббосиён[2] — 5 июн 879, Гундишопур, Давлати Саффориён) — мисгар ва бунёнгузори силсилаи Саффориён, нахустин амири давлат дар Систон (861—879).
861 — 879 | |
Ҷонишин | Амр ибни Лайс |
Таваллуд |
25 октябр 840[1] |
Даргузашт |
5 июн 879 (38 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Саффориён |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишЯъқуб ибни Лайс соли 840 дар як шаҳраки хурде бо номи Қарнин, ки дар шарқи Заранҷ ва ғарби Бӯст (Лашкаргоҳ) дар Афғонистони имрӯза ҷойгир буд ба дунё омадааст. Яъқуб ба мисгарӣ машғул буд (ба забони арабӣ ин шуғлро «саффор» меноманд), чаҳор писар дошт, ки дар айёми нобасомони миёнаи қарни IX ҳамагӣ ба ҷангу сипоҳ сару кор дошт ё ба таъбири дигар ба роҳзанӣ машғул буданд. Яъқуб ва бародари ӯ, Амр, Тоҳир ва Алӣ зодаи шаҳри Карнини Сиистон, аз қавми Сакхан (қабилаи Балуҷӣ) буданд. Яъқуб дар ибтидо ба шаҳри Заранҷ омада шогирди мисгар «саффор» шуда буд, бинобар дар таърих сулолаи ӯ чунин номбар шудааст. Бародараш Амр аз рӯи маълумотҳои таърихӣ чӯпон ва ё дуредгар будааст. Халифаи Бағдод барои фурӯ нишонидани ошӯби хориҷиён дар Хуросону Сиистон Солеҳ ибни Насрро фиристод. Ӯ бо шикаст додани хориҷиён ва сомон бахшидани авзои минтақа дар чашми ҳукуматдорон ва миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Пас аз фавти Солеҳ ҷойнишини ӯ Дирҳам ибни Ҳасан натавонист, ки миёни лашкариён нуфузу эътибор пайдо кунад. Яъқуб бо тарафдоронаш аз фурсат истифода бурда, қисме аз дастаҳои ғозийнро низ ба тарафи худ кашид, идораи кишварро ба даст гирифт ва соли 861 Сиистонро пурра тасарруф намуд. Сипас ҳокими Кобулро бо найранг ба ҳалокат расонида, байни солҳои 862—866 Ҳирот, Пушанг, Балх, Бомиён ва Форсро аз дасти маъмурони Тоҳириён берун кард. Соли 873 аз фориғболии Муҳаммад ибни Тоҳир — охирин амири тоҳирӣ истифода карда, дарбори ӯро ба сӯйи хеш ҷалб кард ва дар муҳорибаи сарнавиштсоз нерӯҳои онро торумор карда, Нишопурро ба даст даровард.[3] Соли 871 Яъқуб аз халифа Муътамид (870—892) фармони воломақомӣ дар Балху Таҳористонро гирифт. Муаррих Гардизӣ менависад, ки Яъқуб соли 870 шаҳрҳои Ғазна, Гардиз ва Кобулро ба тасарруфаш даровардааст.
Соли 873 Яъқуб бар зидди Муҳаммад ибни Тоҳир ҷанг сар карда ғалаба кард ва Муҳаммадро асир гирифт. Лашкари Саффориён 1 августи соли 873 ба Нишопур, пойтахти Тоҳириён соҳиб шуданд. Ҳукумати халифаҳои Бағдод соли 874 маҷбур шуд, ки Яъқубро воломақоми Хуросон, Табаристон, Ҷузҷон, Рай ва Форс таъйин намояд. Ҳуҷуми лашкари Яъқуб ба Бағдод 8 апрели соли 876 бебарор анҷом ёфт ва сулолаи Аббосиёнро аз шикаст нигоҳ дошт. Муҳаммад ибни Тоҳир, ки аз асорат озод шуда буд, боз аз ҷониби халифа воломақоми Хуросон таъйин гардид, вале асосан ҷойи зисташ дар Бағдод буд. Яъқуб соли 879 вафот кард. Яъқуби Лайс бузургтарин чеҳраи сиёсӣ ва қаҳрамони набарди истиқлолхоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр буд. Баъд аз Яъқуб бародараш Амр ибни Лайс воломақоми давлат гардид.[3]