Ғадири Хум (ар. غدير خمّ‎) бо ихтисор Ғадир ва ал-Ғадир — маконе аз чапи Ҷуҳфа ва Робиғ ба се ё чаҳор милиион, ки дар он обгир ва ҳавзи хурде вуҷуд дошта ва чашмаобе ба он мерехта, номи яке аз идҳои бузурги шиаён.

Таърих

вироиш

Паёмбари акрам (с) дар бозгашт аз ҳаҷ ба рӯзи 18 зулҳиҷҷа наздики намози пешин ба он ҷо расид ва барои истироҳат ва сероб сохтани аҳли қофила дарон фуруд омад, он гоҳ мунодии вай нидо кард, ки «ассалоту ҷомеатун» ва мунтазир монданд то ҳоҷиёни бозмонда ва пайгарди корвон ба онҳо бирасанд ва дар зери дарахте хайма заданд ва паёмбар (с) дарон каме ором гирифт. Вақте ҳама ҷамъ омаданд, фармуд барояш аз раҳли корвон минбаре гузоштанд, барон боло шуд ва хутбае эрод намуд. Дар он пас аз иншои чанд ибораи истифҳомӣ ва матраҳ сохтани суолҳое ва тасдиқи оммаи мардум аз ҷумла фармуд:

"Оё ман мавлои шумо нестам!? "Гуфтанд: Оре, мавлоямон ҳастӣ. Он гоҳ дасти Алиро бардошт ва фармуд: «Пас касе, ки ман мавлояш ҳастам, ин Алӣ низ мавлои ӯст, Худоё, касе ӯро дӯст дорад, ёри ӯ бош ва касе ӯро душман дорад, душмани вай бош!»

Пас аз он амр кард, то мардум бор барбастанд ва ба сӯи Мадина ба роҳ афтоданд.

Дар рӯзгори садри ислом тамоми мусулмонон, аз ҷумла худи Алӣ суханони паёмбар (с)-ро дар Ғадири Хум ба ҳодисае, ки каме пеш аз мавсими ҳаҷ барои ӯ ва ҳамсафарони яманиаш рӯй дода буд, муртабит медонистанд. Паёмбар (с) қабл аз муддате Алиро барои ҷамъоварии молиёти закот ба Яман фиристода буд, вай пас аз дарёфти молиёти закоти мардум ҳамроҳ бо корвони ҳуҷҷоҷи яманӣ раҳсипори ҳаҷ гашт, то паёмбар (с)-ро дар он мавсим дарёбад. Дар роҳ мардуме аз аҳли корвон аз Алӣ хостанд, ки онҳоро бар уштурони байтулмол савор намояд, то ҳам хастагии роҳро аз худ бартараф созанд ва ҳам ба гунае аз савориҳои байтулмол истифода бурда бошанд. Алӣ бар онҳо сахт гирифт ва аз рукуби савориҳо бозашон дошт. Вақте ба Макка расиданд, ба паёмбар (с) шикоят бурданд ва аз шиддати амал ва хушунати рафтори Алӣ изҳори нохушӣ карданд. паёмбар (с) дар рафти баргузории маросими ҳаҷ чизе нагуфт ва Алӣ каме хаҷил ва озурда гашт. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ вақте ба минтақаи Робиғ ва обгири Ғадири Хум расиданд, барои зудудани ғубори он ҳодиса аздили Алӣ паёмбар (с) ба сухан истод ва аз вай тавсиф намуд ва ӯро дӯст ва мавлои муъминон хонд.

Ҳодисаи Ғадири Хум дар баробари ҳаводиси дигаре, ки дар садри ислом ба вуқуъ пайваста, ҳам аз назари ровиёни он, ки ба беш аз сад саҳоба мерасад ва ҳам аз назари нақди илмӣ аҳаммияти таърихии чандоне надошта ва касе ҳам онро ба ҳайси рӯйдоди бузурге дар таърихи ислом зикр накарда, то он ки дар замони хилофати Алӣ ошубҳои дохилӣ ба авҷи худ расиданд ва дар амвоҷи пурталотуми он доругирҳо гурӯҳҳо ва ҷамоаҳои наве, ба мисли ҳавориҷ, шиа ва ғайра бо сибғаи динӣ зуҳур карданд. Дар ибтидо тоифаи шиа ба сурати андешаи сиёсӣ-динӣ барои расидан ба хилофат зуҳур кард ва пас аз муддате шакли ҳаракатҳои шӯришона ва қиёмҳои мусаллаҳонаро ба худ гирифт ва то садаи IV-уми ҳиҷрӣ ҳанӯз ба мактаби фиқҳии муназзам ва равиши ақидатии низомёфтае надаромада буд. Пас аз ташаккули сареъ ва нуфузи андешаҳои низомёфтаи сиёсӣ-динии муътазилиён ба дарбори хилофат ва саранҷом уфули онҳо дар садаи IV-уми ҳиҷрӣ шиаён аксари андешаҳои динии онҳоро, ба монанди асли тавҳид, адл ва дигар таҳлилҳои ақлии асосҳои дин, барои худ ба орият гирифтанд ва мактаби худро аз ҷанбаи ақидатӣ то ҷое сомон бахшиданд. Дар ин муддат уламои шиа ба талфиқ ва баҳамомехтани ояҳое аз Қуръон ва ривояти аҳодисе аз номи аиммаи худ суханони паёмбар (с)-ро дар Ғадири Хум дар мавриди Алӣ ҳамчун нассе бар вилоят, имомат ва ҷонишинии ӯ пас аз расули Худо (с) таъвил карданд ва он рӯзро бо номи иди Ғадири Хум хонданд. Барои тевҷеҳи дуруст ва аз муҳиммоти динӣ нишон додани он ояти 67-уми сураи Моидаро:

 يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ   ‎  
«Эй паёмбар, бирасон ончиро аз Парвардгорат ба ту нозил карда шуда, ва агар чунин накардӣ, ту паём ва рисолати Ӯро нарасондаӣ», 

ки муддатҳо қабл нозил шуда ва мантиқан ва сиёқан ба дигар мавзӯъ муртабит аст, бо ояти 3-юми сураи Моида:

 حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ وَالدَّمُ وَلَحْمُ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ وَالْمُنْخَنِقَةُ وَالْمَوْقُوذَةُ وَالْمُتَرَدِّيَةُ وَالنَّطِيحَةُ وَمَا أَكَلَ السَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيْتُمْ وَمَا ذُبِحَ عَلَى النُّصُبِ وَأَنْ تَسْتَقْسِمُوا بِالْأَزْلَامِ ذَلِكُمْ فِسْقٌ الْيَوْمَ يَئِسَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ دِينِكُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِ الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا فَمَنِ اضْطُرَّ فِي مَخْمَصَةٍ غَيْرَ مُتَجَانِفٍ لِإِثْمٍ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ   ‎  
«Имрӯз динатонро барои шумо комил гардонидам ва неъмати Хешро бар шумо тамом намудам ва дини исломро бароятон розӣ шудам», 

ки чанд рӯз қабл дар рӯзи Арафа ва дарсаҳрои Арафот нозил шуда, бо ҳам талфиқ ва дар як масир қарор доданд.

Барои инсиҷом ва низоммандии бештари низоми эътиқодии шиа ва эҷоди ҳамосае дар дили пайравони он вақте Оли Буя бар маркази хилофат шаҳри Бағдод мусаллат гаштанд ва халифаи аббосӣ Муктафиро зери нуфузи хеш қарор доданд, Муиззуддавлаи Дайламӣ — нахустин салотин аз шиаёни Оли Буя он идро ба соли 352 ҳ./964 м бо шукӯҳи хоссе дар Бағдод ҷашн гирифт ва шаҳрро барои он тазӣин дод, пас аз чанде халифаи фотимӣ Муизз низ ба ин муносибат ба соли 362 ҳ./974 м дар Миср ҷашне доир намуд ва бо ҳамин иди Ғадири Хум барои шиаён расман шаръият ёфт. Пас аз оншиаён, ба хусус дар Ирон, онро ба ҳар наҳве, ки буда, ҷашн мегирифтанд ва аз идҳои муҳим ва бузурги онҳо ба шумор меравад.

Аҳли Суннат низ суханони паёмбар (с)-ро дар Ғадири Хум ба ҳамон маънои аввал ва ба он шакле, ки аз бештар аз сад саҳоба ва дар даҳҳо маҷмуаи ҳадисӣ ривоят гардидааст, қабул доранд, оятҳои мавриди истидлоли уламои шиаро сиёқан ва мавзуан аз ҳам ҷудо ва мавқеи умуми саҳоба, аз ҷумла худи Алиро дар мавриди ҳодисаи Ғадири Хум санади сидқи дидгоҳи худ медонанд. Яке аз ин мавқеъҳо он аст, ки Аббос амаки паёмбар (с) дар аснои бемории он ҳазрат (с) ба Алӣ гуфт:

«Биё ба назди паёмбар (с) равем ва дар ин амр (кори хилофат) аз вай аҳде гирем! Алӣ ҷавоб дод: Не намеравем, чун агар дархости моро рад намояд, мо то абад аз он маҳрум гардем ва ҳаргиз моро ба он нагузоранд!»

Бар пояи қавоиди усулӣ, ки сукут дар мавзеи баён тарк, рад ва нафй аст, дар ин ҷо на Аббос ва на Алӣ аз ҳодисаи Ғадири Хум ва таъвили уламои шиа ёде накарданд ва нагуфтанд, ки аҳди он аллакай ба мо вогузор шуда. Пас ин мавқеи онҳо даъвои насб ва таъйини Алиро ба вилоят ва ҷонишинии паёмбар (с) бо сароҳат рад мекунад. Дигар он ки пас аз байъати мардум бо Абубакр Алӣ ба вай чунин эътироз овард, ки

мо фазлу бузургии туро инкор надорем, вале дар ин амр худро ба сабаби қаробате, ки бо расули Худо (с) доштем, авлотар медонистем ва дар ҳеч ҷое аз ҳодисаи Ғадири Хум ва таъйин шудани худ ба хилофат истидлол накардааст, ки худ далели равшане бар мавқеи аҳли Суннат ва таъйин нашудани ӯ бо нассе аз ҷониби паёмбар (с) ба шумор меравад.

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳоди Дафтарӣ, Исмоилиён. Таърих ва ақоид. — М., 2000
  • Доро Наҷот, Ҳумои Раҳмат. — Д., 2006
  • دائرة المعارف فارسی. (2). — تهران، 1387 ش
  • علی اکبر؛ لغتنامۀدهخدا. — تهران، روایت چهارم
  • فرهنگ جامع فارسی آنندراج. تهران، 1363 ش
  • جرجی زیدان، تاریخ تمدن اسلام. — تهران، 1472
  • .محمد شفیع عثمانیی دیوبندی، معارف القرآن. ج. 4. — تربت جام، 1382 ش
  • .موجز دائرة المعارف الاسلامية. المجلد الرابعوالعشرين. — الشارقة، 1418 هـ./1998 م