Ғарм
Ғарм (шаҳрак) - маркази маъмурии ноҳияи Рашт буда дар Водии Рашт ҷойгир аст.
Маҳалли аҳолинишин | |
Ғарм | |
Ноҳия | |
---|---|
Координатаҳо | |
Забони расмӣ | |
Аҳолӣ |
8 300 нафар |
Вақти минтақавӣ | |
Коди телефон |
+992 3131 |
Нишонаи почта |
735500 |
ҶойгоҳВироиш
Шаҳраки Ғарм дар соҳили рости дарёи Сурхоб 185 км дуртар аз ш. Душанбе ҷойгир шудааст.
ТаърихВироиш
Дар гузашта шаҳрак маркази яке аз бекигариҳои Аморати Бухоро - Қаротегин буд. Баъд аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон маркази округи Ғарм ва солҳои 1939-1955 вилояти Ғарм буд. Минбаъд, маркази ноҳияи Ғарм ва ҳоло Рашт мебошад.
МардумВироиш
Мардуми Ғарм бино ба саршумории соли 2016 8 300 тан аҳолӣ дошт.[1] Сокинонаш тоҷикон ва ҳамагӣ мусулмонон-суниҳо, аҳли мазҳаби (ҳанафӣ) мебошанд. Мардуми Ғарм ба забони забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.