Ғаффор Абдуллоев
Ғаффор Абдулло́ев (тав. 1927, деҳаи Деҳкабули ноҳияи Кӯлоб – 1995, ноҳияи Восеъ) — механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973).
Ғаффор Абдуллоев | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 1927 |
Зодгоҳ | ноҳияи Кӯлоб |
Таърихи даргузашт | 1995 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Восеъ |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор |
Ҷоизаҳо |
ЗиндагиномаВироиш
Хатмкардаи мактаби механизатории хоҷагии қишлоқ (1943). То соли 1949 тракторчӣ, баъд мудири агроқитъа ва аз соли 1963 сардори бригадаи комплексии механизатсиякардашудаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ буд. Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригадаи Абдуллоев солҳои 1971 – 72 аз ҳар га 43 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнидааст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 8 – 9).
Ордену медалҳоВироиш
Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Абдуллоев Ғаффор // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.