Ғаюр Ашӯров
Ашӯров Ғаюр Ғафурович (зод. 8 августи 1960, деҳаи Шамтуч, ноҳияи Айнӣ) — дандонпизишк, доктори илмҳои тиб (1995), профессор (2006), Аълочии стоматологияи дараҷаи I Федератсияи Русия.
Ашӯров Ғаюр Ғафурович | |
Таърихи таваллуд | 8 август 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Шамтуч, ноҳияи Айнӣ |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1983). Ординатори клиникии Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии шаҳри Маскав (1983-84), ассистент (1984-85), аспирант (1985-88) ва ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ (1988-92). Докторанти Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии шаҳри Маскав (1992-95). Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ (1996-97), профессор кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва муолиҷавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997—2004). Аз соли. 2005 мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 12 дастур ва тавсияҳои таълимию методӣ, 1 кашфиёт. Дар муассисаҳои тиббии Россия (2002, 2004), Венгрия (2001), Олмон (2006) таҷриба омӯхтааст. Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Стоматология Таджикистана».
Осор
вироиш- Перспективы развития рыночной модели функционирования стоматологической службы. Душанбе, 1994;
- Профилактика кариес зубов. Душанбе, 1977;
- Функции органов зубочелюстной системы в жарком климате и горной местности Душанбе, 2006;
- Оценка эпидемиологической ситуации заболеваний пародонта у больных сахарным диабетом в Таджикистане ⁄⁄ Маҷаллаи «Эпидемиология и инфекционные болезни». № 2, 2008.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ашӯров Ғаюр Ғафурович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.