Ғиёсуддин Муҳаммади Хуросонӣ

Ғиёсиддин Муҳаммади Хуросонӣ (машҳур ба Ҳофизи Ғиёсиддин; 1456, Ҳирот — 1510/13, ҳамон ҷо) — мусиқидон, оҳангсоз, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Ғиёсуддин Муҳаммади Хуросонӣ

Зиндагинома

вироиш

Аз хешовандони Восифист. Фаъолияти ҳунариаш дар шаҳрҳои Ҳирот, Бухоро, Машҳад сурат гирифта, овози хуш, дар хондани осори ирфонӣ, қиссахонӣ, сознавозӣ моҳири рӯзгораш буд. Муддате чанд дар дарбори Ҳусайн Бойқаро (1470—1506) хидмат намуд. Бо Навоӣ (1441—1501) робитаи наздик дошт. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «қавл», «тарона», «савт», «амал», «рехта», «сунбулӣ» ва ғ. таснифоти рангин сохтааст. Дар илмҳои фалсафа, риёзиёт, адабиёт, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотӣ, ҳалкорӣ) дониши хуб дошта, назди Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ мусиқӣ омӯхт, ба сабки иҷроии онҳо такя дошт. Асарҳои Ғиёсиддин Муҳаммад «Савти гули лола», «Амали равон», «Нақши гули сурх», «Пешрави Панҷгоҳ», «Рехтаи Ҳиҷоз», «Саҷъ ба Ироқ» ва ғ. дар ҳавзаҳои иҷроии Ҳирот, Самарқанд, Бухоро, Машҳад шуҳрати зиёд доштаанд. Назираҳои рангин ба осори Устод Шодӣ сохта, хатро дар ғояти устодӣ (настаълиқ) анҷом медод ва осори Наво-иро китобат намудааст. Дар санъати бадоҳа ҳам табъи воло дошт, ғазалу рубоиро дар ғояти устодӣ месуруд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 54. — ISBN 978-99947-49-13-3.