Қавсӣ (тав. ва вафот номаълум) шоири тоҷик садаи XVI. Зодгоҳаш Бухоро. Қавсӣ тахаллусаш буда, номи аслиаш маълум нест. Бино ба маълумоти Музаккир-ул-аҳбоби Нисорӣ, шахси хушсуҳбату маҷлисоро будааст. Қавсӣ бо мутоибаҳои намакинаш диққати ҳамсуҳбатони худро ҷолиб мекардааст. Дар эҷодиёташ намояндагони динро мазамат кардааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Қавсӣ
Таърихи таваллуд асри 16
Зодгоҳ Бухоро
Зоҳид наниҳад як қадам аз савмаа берун,
Бар хеш ҷаҳонро чӣ бало танг гирифтааст.

Сарчашма вироиш

  • У. Назиров, Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷилди 3, Душанбе