Қаламфурдӯлмаи сабзавотӣ
Қаламфурдулмаи сабзавотӣ. Думча ва тухми қаламфури ширинро тоза карда, бо намакоби ҷушидаистода 2—3 дақиқа андохта мемонанд. Сипас бо чавлӣ гирифта, хунук карда онро бо қимаи сабзавотӣ пур мекунанд. Қаламфури қимадорро ба зарфи на он қадар ҷуқур 1—2 қатор мечинанд ва ба он соуси сметана, пюреи помидор ё соуси помидор, сир ва хуриш андохта дар тафдон (ё дар оташи паст) 30—40 дакица дам карда мепазанд. Қаламфурро хунук ва дар гармиаш хурдан мумкин аст.
Тайёр кардани қимаи сабзавотӣ: сабзӣ, карафс, ҷаъфарӣ ва ғайраро тоза карда мешуянд, наргаси ё нахудӣ реза карда, дар оташи паст, кофта истода бирён мекунанд. Карами майда резашударо бо дам мепазанд, сипас бо адвиёт меомезанд. Ба хамираи хосилшуда намак, биринҷ обпази дона-дона, кабудии реза (ҷаъфарӣ ё шибит) илова мекунанд. Ба 10 дона қаламфури ширин 200 г сабзӣ, 60 г ҷаъфарӣ ё карафс, 200 г карами тару тоза, 2—3 cap пиёз, 2 қошуқ биринҷ 4 қошуқ равғани маска, 1,5 стакон соуси сметана бо пюреи помидор ё помидор-и тару тоза лозим аст.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |