Қароев Қара Абулфаз оғлӣ
Қара Қароев (1918-1982) — композитори машҳури Озарбойҷон, омӯзгор, Лауреати мукофоти Ленинӣ. Артисти халқии ИҶШС (1959). Акад. АИ ҶШС Озарбойҷон, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ (1978).
Қароев Қара Абулфаз оғлӣ | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | озарбойҷонӣ: Qara Əbülfəz oğlu Qarayev |
Таърихи таваллуд | 5 феврал 1918 |
Зодгоҳ | Озарбойҷон (Озарбойҷон) |
Таърихи даргузашт | 13 май 1982 (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Боку (Озарбойҷон) |
Солҳои фаъолият | 1938 — 1982 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | композитор |
Соз | фортепиано |
Сабк | опера, симфонӣ ва ballet[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
qara-qarayev.musigi-dunya.az/…(рус.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҚара Қароев соли 1946 Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковскийро (синфи Д. Шостакович) хатм намудааст. Дар солҳои 1946-1982 дар Консерваторияи давлатии Озарбойҷон дарс додааст (солҳои 1950-1953 ректори Консерваторияи давлатии Озарбойҷон, аз соли 1959 профессор). Балетҳои Қароев «Ҳафт нозанин» ва «Пайраҳаи тундар» дар ҷаҳон машҳур гашта, дар театрҳои мусиқии бисёр мамлакатҳо намоиш дода мешаванд. Қароев дар мусиқии балети «Ҳафт нозанин» мусиқии халқии озариро васеъ истифода намуда, дар балети «Пайраҳаи тундар» оҳангҳову зарбу усули африқоӣ, рангубори аркестрии онҳо шунавандаро ба ваҷҳ меоранд. Ғайр аз ин ӯ муаллифи як қатор асарҳо, аз ҷумла достони симфонии «Лайлӣ ва Маҷнун», 3 симфония, консерт барои скрипка бо оркестр, 24 прелюдия, 12 фуга, рамансу сурудҳо, мусиқӣ ба намоишномаҳо, ба кинофилмҳо ва ғ. мебошад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.199. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)