Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский

Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский — яке аз қадимтарин ва калонтарин муассисаи олии мусиқӣ, маркази илмию методии умумироссиягии маълумоти мусиқӣ.

Таърих

вироиш

Аз тарафи Ҷамъияти мусиқии рус ва бо ташабуси Н.Г. Рубинштейн соли 1886 таъсис ёфтааст. Дар Консерватория анъанаҳои мусиқӣ, мактаби эҷодӣ ва педагогии П.И. Чайковский, С.И. Танеев, А.С. Арменский (композитсия ва назарияи мусиқӣ), Н.Г. Рубинштейн, В.И. Сафонов (фортепиано), Ф. Лауб, И.В. Гржимали (скрипка), В.Ф. Фитсенгаген (виолончел), А.Д. Александрова-Кочеткова (вокал) ташаккул ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Дастпарварони К.– С. Танеев, С. Рахманинов, А. Скрябин, А. Нежданова, А. Зилоти, З. Палияшвили, Р. Глиэр, А. Обухова, А. Хачатурян, Т. Хренников, Д. Кабалевский, Л. Коган ва даҳҳо нафарони дигарон мебошанд, ки аксари онҳо минбаъд омӯзгорони Консерватория шуданд. Ташаккул ва инкишофи мактаби мусиқии педагогии шӯравӣ бо номи дастпарварони педагогҳо, композиторон ва мусиқинавозони машҳур Н. Мясковский, С. Прокофев, А. Александров, Д. Шостакович (композитсия), А. Голденвейзер, Г. Нейгауз, Э. Гилелс (фортепиано), А. Ямполский, Д. Ойстрах (скрипка) ва даҳҳо тани дигарон созҳои гуногун иртиботи узвӣ дорад.

Консерватория дорои факултаҳо, ассистентура-коромӯз, 26 кафедра, студияи опера (1934), омӯзишгоҳи мусиқӣ бо мактаби 7-сола, мактаби муттаҳидаи даҳсолаи мусиқӣ, кабинети омӯзиши мусиқии халқӣ (аз соли 1937), фонотека, китобхонаро дар бар мегирад. Солҳои 30-50 дар Консерватория студияҳои миллии мусиқӣ (тоҷикӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ, тоторӣ, бошқирдӣ ва ғайра) амал мекард, ки дар онҳо композиторони намоёни шӯравӣ М. Ашрафӣ, А. Бобоҷонян, Н. Жиганов, Қара Қароев, В. Мухатов, С. Синсадзе ва дигарон таълим гирифтаанд. Солҳои 1984-1985 дар Консерватория беш аз ҳазор донишҷӯ таҳсил мекардаанд. Дар Консерватория зиёда аз 300 омӯзгор кор мекарданд. Дар Консерватория шӯрои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ фаъолият мекунад. Консерватория дар муддати мавҷудияташ беш аз 7 ҳаз. композиторону мусиқинавозонро тайёр кардааст. Дар Консерватория намояндагони мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. С. 1940 Консерватория номи П.И. Чайковскийро гирифт.

Як зумра композиторону ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик – Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шариф Бобокалонов, Эдуард Айрапетянс, Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов, Амон Ҳамдамов, Фозил Солиев, Аъзам Камолов, Н. Пӯлодов, Баҳор, Ш. Муллоҷонова, А. Одинаев, Х. Абдуллоев, Ҷ. Охунов, Д. Дусмуҳаммадов, Қ. Ҷабборов, Ю. Ҳасанов, Т. Шаҳидӣ, Р. Муллоҷонова, В. Каримов, Оят Сабзалиева, Заррина Миршакар, Манзура Ҳасанова ва дигарон дар Консерватория таҳсил кардаанд. Консерватория бо 2 ордени Ленин (1946, 1966) мукофотонида шудааст.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.188. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)