Қаторкӯҳи Раштон (то 31 июли 2023 — қаторкӯҳи Қаротегин[1]) — қаторкӯҳест дар қисми марказии Тоҷикистон, калонтарин шохаи чапи қаторкуҳи Ҳисор, Бахшгоҳи рӯдҳои Кофарниҳон, Элок ва Вахш мебошад.

Қаторкӯҳи Раштон
?
Макон

Тулаш қариб 80 км, баландиаш то 3950 м. Асосан аз гранит, гранодиорит ва диорити синни палеозойи боло таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳои қаторкуҳ растаниҳои даштӣ (гандумак, лубиёгиҳо, чатргулҳо ва ғайра) ва дарахту буттаҳои бодоми талхак, дулона, писта, зирк, настаран, тотум, дар сою дараҳо дарахтони бед, сафедор, шумтол, чинор, туг, олуча, санҷид, себу ангури худруй ва ғайра меруянд. Дар баланднҳои зиёда аз 3500 м марғзорҳо мавҷуданд. Доманакуҳҳои ҷануби шарқӣ чашмаҳои гарм доранд: Обигарм, Гармоба, Ҷавонӣ ва ғайра.

Адабиёт

вироиш