Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи хоҳиши сершумори коллективҳои мехнатӣ ва дархости Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ қарор мекунад:

Ҷашнҳо вироиш

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерини ид қонунӣ гардонида шаванд:

Рӯзҳо вироиш

2. Бо назардошти он, ки оила дар тарбияи насли наврас, пойдор сохтани асосҳои ҷамъият ва муътадил гардонидани он аҳамияти зиёд дорад, ҳар сол 15 май ҳамчун Рӯзи байналхалқии оила ид карда шавад.

3. Бинобар хидматҳои бузурги мутафаккир, файласуф ва Ҳакими номӣ Абӯалӣ ибни Сино ҳар сол 18 август ҳамчун Рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ҳамчун рӯзи касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шавад.

4. Ба муносибати хидматҳои навъу хелҳои қӯшун ва бинобар вазифаҳои багоят муҳимро дар роҳи ҳифзи меҳнати осоиштаи халқи Тоҷикистон ба xо овардани он ҳар сол рӯзҳои зерин ид карда шаванд:

  • Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал;
  • Рӯзи Қӯшуни дохила — 10 апрел;
  • Рӯзи Қӯшуни cарҳадӣ — 28 май;
  • Рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ — 17 август;
  • Рӯзи Гвардияи миллӣ — 3 сентябр. (Қ ҶТ ,28.06.11с,№ 729).

5. Ба нишони қадрдонии хидмати меҳнаткашони соҳаҳои дахлдори халқ ва соҳаи фаъолият ҳар сол рӯзҳои зерин ҷашн гирифта шаванд:

  • Рӯзи кормандони гумрук — 22 январ;
  • Рӯзи милиса — 6 феврал;
  • Рӯзи матбуот — 11 март;
  • Рӯзи зиёиёни эҷодкор — 20 март;
  • Рӯзи геологҳо — якшанбеи якуми моҳи апрел;
  • Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе — шанбеи сеюми моҳи апрел; (Қ ҶТ аз 01.03.05с, № 91)
  • Рӯзи илми тоҷик — якшанбеи сеюми моҳи апрел;
  • Рӯзи байналмилалии моликияти ақлӣ — 26 апрел;
  • Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа — 7 май;
  • Рӯзи Шашмақом — 12 май;
  • Рӯзи кимёгарон — якшанбеи охирини моҳи май;
  • Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май;
  • Рӯзи адвокатҳо — 26 май;
  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон — 1 июн;
  • Рӯзи кормандони савдо, адои хидмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ — якшанбеи якуми моҳи июн;
  • Рӯзи байналмилалии муҳити зист — 5 июн; (Қ ҶТ аз 20.03.08с, № 367)
  • Рӯзи кормандони саноати сабук — якшанбеи дуюми моҳи июн;
  • Рӯзи мелиоратсия — якшанбе охирини моҳи июн;
  • Рӯзи байналхалқии кормандони кооператсия — 6 июл;
  • Рӯзи маъюбон ва пиронсолон — 8 июл.
  • Рӯзи моҳигирон — якшанбеи дуюми моҳи июл;
  • Рӯзи металлургҳо — якшанбеи сеюми моҳи июл;
  • Рӯзи кормандони наrлиёти худрав — 25 июл;
  • Рӯзи сӯхторнишонӣ ва умури наҷот аз фалокат — 30 июл;
  • Рӯзи кормандони роҳи оҳан — 17 август;
  • Рӯзи кормандони сохтмон — якшанбеи дуюми моҳи август;
  • Рӯзи ихтироъкор ва навовар — якшанбеи сеюми моҳи август;
  • Рӯзи ангиштканҳо — якшанбеи охирини моҳи август;
  • Рӯзи варзишгарон — 10 август;
  • Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ — 1 сентябр;
  • Рӯзи дониш — 1 сентябр;
  • Рӯзи авиатсия — 3 сентябр;
  • Рӯзи китоб — 4 сентябр; (Қ ҶТ аз 5.01.08с, № 343)
  • Рӯзи кормандони саноати нефту газ — якшанбеи аввали моҳи сентябр;
  • Рӯзи роҳсозон — якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
  • Рӯзи Рӯдакӣ — 22 сентябр;
  • Рӯзи кормандони ҷангал — якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
  • Рӯзи мошинсозҳо — якшанбеи охирини моҳи сентябр;
  • Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ — 30 сентябр; (Қ ҶТ аз 19.11.09с, № 562)
  • Рӯзи кишоварзӣ — 8 октябр; (Қ ҶТ аз 5.08.09с, № 538)
  • Рӯзи омӯзгорон — якшанбеи якуми моҳи октябр;
  • Рӯзи кормандони адлия ва суд — якшанбеи дуюми моҳи октябр;
  • Рӯзи кинои тоҷик — 16 октябр;
  • Рӯзи театри тоҷик — 7 ноябр;
  • Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр; (Қ ҶТ аз 19.11.09с, № 563)
  • Рӯзи кормандони Прокуратура — 14 декабр;
  • Рӯзи энергетикҳо — 22 декабр;

6. Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои корӣ нестанд:

1 январ, 8 март, 21 март-24 март, 1 май, 9 май, 27 июн, 9 сентябр, 6 ноябр Рамазон — ҳар сол як рӯз дар мавридаш, Қурбон — ҳар сол як рӯз дар мавридаш.

7. Дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

8. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи rонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ ш. Душанбе, 3 ноябри соли 1995, № 98

Эзоҳ вироиш

  1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 237; соли 1998, № 10, мод.125, № 23-24, мод. 338; соли 1999, № 5, мод.76, № 12, мод.308; соли 2002, № 4, қ-1, мод.191, мод.194, мод.197; соли 2003, № 4, мод.132, № 8, мод. 449, № 12, мод. 678; соли 2004, № 5, мод. 350, № 12, қ-1, мод. 697; соли 2005, № 3, мод. 131, № 12, мод. 658; соли 2008, № 1, қ-2, мод. 9, № 3, мод.188, № 12, қ-1, мод. 988; соли 2009, № 5, мод.319, № 7-8, мод. 493, № 11, мод. 698, мод. 699; соли 2010, № 7, мод. 544, мод. 548.* [1](пайванди дастнорас)

Пайвандҳо вироиш