Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул шудааст.[1]

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Таркиб

вироиш

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  • Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур
  • Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
  • Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ВА САЛОҲИЯТИ ОНҲО

  • Моддаи 4. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (ҚҶТ 21.07.10. №636)
  • Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ
  • Моддаи 6. Салоҳияти Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (ҚҶТ 21.07.10. №636)

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

  • Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ
  • Моддаи 8. Зодрӯз
  • Моддаи 9. Хатнасур (ҚҶТ 18.06.08. №390)
  • Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ (ҚҶТ 18.06.08. №390)
  • Моддаи 11. Маросимҳои дафну азодорӣ
  • Моддаи 12. Маросими ҳаҷ
  • Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросимҳо

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМҲО

  • Моддаи 14. Тартиби хидматрасонии ҷашну маросимҳо аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо (ҚҶТ 18.06.08. №390)

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  • Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
  • Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур [2]

Тағйиру иловаҳо ба Қонун

вироиш

Баъд аз 10 соли амали қонуни номбурда баъди муҳокимаи умумихалқӣ дар ҷомеа, мақомоти олии қонунгузори ҷумҳурӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 августи соли 2017) ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 августи соли 2017) Қарор Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудаанд.[3]

Тағйиру иловаҳои асосӣ

вироиш

Ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

  • «4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.».

Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Моддаи 9. Хатнасур

  1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хидматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.
  2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.
  3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хидматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.
  4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
  5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
  7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».

Дар моддаи 10:

  • - ба қисми 2 пас аз калимаи «қудоталбон,» калимаҳои «ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон),» илова карда шаванд;
  • - қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
  • «4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.»;
  • - қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шуда, қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
  • «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.
  • 8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».

Дар моддаи 11:

  • - қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
  • «Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.»;
  • - қисми 3 хориҷ карда шавад;
  • - қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, пас аз калимаи «азодорӣ» калимаҳои «забҳи чорво ва додани таом,» илова карда шаванд;
  • - қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
  • «Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».

Дар моддаи 12:

  • - ба қисми 2 пеш аз калимаи «ҳоҷиталбон» калимаи «ҳоҷизиёрат,» илова карда шавад;
  • - қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
  • «Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».

Дар моддаи 14:

  • - дар қисми 1 калимаи «Иштироки» ба калимаи «Хизматрасонии» иваз карда шавад;
  • - қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
  • «Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо уҳдадоранд хидматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.
  • Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.».

Ба Қонун боби 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад: «БОБИ 41. ӮҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО

Моддаи 141. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».[3]

Сарчашма

вироиш