Қорӣ Сулаймон
Қорӣ Сулаймон (Сулаймон Сиддиқов; 1884, Хуҷанд — 1968, Хуҷанд) — хонанда, навозанда ва оҳангсози тоҷик.
Сулаймон Сиддиқов | |
Таърихи таваллуд | 1884 |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 1968 |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Зиндагинома
вироишСанъати сознавозӣ, овозхониро назди Содирхон (1847—1931) фаро гирифтааст. Қорӣ Сулаймон баробари мутрибӣ дар заводу корхонаҳои саноатӣ ба сифати сардори гурӯҳи коргарон (Харков, 1916), аз фаъолони зидди босмачиён (1918—1928), корманди шуъбаи корҳои дохилию амнияти вилояти Ленинобод (1928—1937) хидмат кардааст. Қорӣ Сулаймон аз шогирдони боҳунари Содирхон буда, бисёр паҳлӯҳои иҷроиро аз ӯ андӯхта, ҳатто пешопеши тобути устодаш бо суруд ӯро ба хонаи охират мегуселонад.
Қорӣ Сулаймон зиёда аз 60-суруду навоҳои классикиро ҳифз намуда, бо сабки хоси иҷроӣ (бештар бо сабки Содирхон) манзури сомеон намудааст. Қорӣ Сулаймон бо сарояндагони саршиноси ҳавзаи иҷроии Хуҷанд Абдуқодир Каримов, Мадамин Назиров «ашӯлаи калон»-ро бисёр мусиқивору рангин месуруд ва дар инкишофи анъанаи иҷроии шаклу анвои шеърию мусиқии «нақш» бештар саҳм дошта, дар ин замина корҳои зиёди ҳунарӣ кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 112. — ISBN 978-99947-49-13-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |