Қосими Қонунӣ
Қосими Қонунии Ҳиротӣ (форсӣ: قاسم قانونی هراتی[1]; Устод Қосими Созанда; ? , Ҳирот — 1602, Машҳад) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз, хонанда ва шоири форс-тоҷик
Қосими Қонунӣ | |
Зодгоҳ | Машҳад |
Таърихи даргузашт | 1602 |
Пеша(ҳо) | навозанда |
Зиндагинома
вироишИбтидои ҳунари шеъру мусиқиро аз падараш омӯхт, назди устодони мусиқии Ҳирот, Бухоро, Марв ҳунарашро такмил медиҳад, Дар овозхонӣ, сознавозӣ, хаттотӣ нобиғаи замон буд ва муддате дар дарбори Шоҳ Таҳмосб ба сифати мутриб ва хаттот хидмат намуда, чандин таснифоти со-зию овозиашро ба Иброҳим Мирзои Сафавӣ ва диг. шоҳзодагони сафавӣ тақдим мекунад. Қосими Қонунӣ дар шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «нақш», «қавл», «навбат», «кор», «пешрав» ва ғ. ба зарбу навоҳои «Рост», «Исфаҳон», «Ироқ» таснифоти гуногунмавзӯъ тасниф намуда, асарҳояш «Пешрави Қонунӣ», «Савти Қонунӣ», «Амали Қонунӣ», «Рехтаи Рост», «Амали Қосим», «Кор ба Уззол», «Саҷъ ба Ҳусайнӣ» дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Машҳад, Бухорою Самарқанд, Марв шуҳрати зиёд касб карда, ба қисме аз онҳо «Амали доруи сар» (дар усули Фохта, ба мақоми «Рост», шуъбаи «Нишобурак») устодони мусиқӣ назираҳои рангин сохтаанд. Шеърро (ғазал, рубоӣ) низ некӯ мегуфтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ قاسم قانونی هراتی. ویستا. 23 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Қосими Қонунӣ // Равзана — Ҷӯраев. — Д. : СИЭМТ, 2004. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 1988—2004, ҷ. 3). — ISBN 5-89870-5.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 112. — ISBN 978-99947-49-13-3.