Бег Қурбонзода

(Тағйири масир аз Қурбонов Бег Холович)

Қурбонзода Бег Хол (Қурбонов Бег Холович; 7 июни 1961, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV.

Бег Қурбонзода
Таърихи таваллуд 7 июн 1961(1961-06-07) (63 сол)
Зодгоҳ
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Бег Қурбонзода 7 июни соли 1961 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст[1].

Корнома

вироиш
  • 1983 —1987 — Котиби Комитети Комсомоли заводи зотпарварии ноҳияи Данғара. Агроном-энтомологи заводи зотпарварии «Данғара»
  • 1988 —1988 — Инструктори Шуъбаи ташкилии Комитети комсомоли вилояти Хатлон.
  • 1988—1993 — Котиби якуми Комитети комсомол, Раиси иттифоқи ҷавонони ноҳияи Данғара
  • 1993—1994 — Раиси иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон
  • 1994—1995 — Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Хатлон
  • 1995—1998 — Муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 1998—2001 — Муовини аввали Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2001—2001 — Муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2001—2004 — Роҳбари департаменти рушди соҳаи иҷтимоию гуманитарии «ККҲИ Евро-Азия»
  • 2004—2010 — Раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
  • 2010—2015 — Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Аз 28 апрели соли 2015 то ҳол Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пайвандҳо

вироиш

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН