Қурбонӣ
Қурбонӣ (аз арабӣ الأضحى наздикӣ, қаробат) - маросимест дар дини ислом, ки аз садақа дар роҳи Худо иборат буда, рӯзи даҳуми моҳи 12 (зулҳиҷҷа)-и солшумории ҳиҷрӣ, баъди 70-рӯзи рамазон қайд карда мешавад. Қурбонӣ дар давраҳои аввали пайдоиши ислом асосан барои ҳоҷиёне фарз буд, ки ба тавофи Каъба меомаданд. Ҳоло мусулмононе, ки ба зиёрати Каъба мераванд, рӯзи даҳуми ҳаҷ гӯсфанд ё шутур Қурбонӣ мекунанд. Таърихан маросими Қурбонӣ дар динҳои тоисломии арабҳо ва яҳудиён вуҷуд дошт. Мувофиқи ривояти Таврот пайғамбар Иброҳим барои нишон додани садоқати худ ба Худо, писараш Исмоилро Қурбонӣ карданӣ шудааст. Вале Худо гӯсфанде фиристода, Иброҳимро аз ин кор боздоштааст. Қурбониро минбаъд шариати ислом ба расмият даровардааст. [1]
Иди Қурбон
вироишИди Қурбон (Ид ул-Азҳо; араб. عيد الأضحى ‘Īdu l-’Aḍḥā,яке аз идҳо дар оини Ислом - охирии Ҳаҷ буда, баъд аз 70 рӯзи иди Рамазон, дар 10 уми моҳи Зул-Ҳиҷа (моҳи Қамарӣ) ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мусулмонон гӯсфандеро харида қурбонӣ кунанд. [2]
Манобеъ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. с.333
- ↑ Иди Қурбон