Қурбон Ҳакимзода
Қурбон Ҳакимзода (1 апрели 1966, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, номзади илмҳои кишоварзӣ. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз с.2023).
аз 5 январи 2023 | |
Таваллуд |
1 апрел 1966 (58 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Ҳакимов Қурбон |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо | (соли 1999), медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (соли 2002) унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2018). |
Зиндагинома
вироишҚурбон Ҳакимзода 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст.
Корнома
вироиш- 1988—1993 — Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- 1993—1995 — Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- 1995—1996 — Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд;
- 1996 (07-09) — Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
- 1996—1999 — Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
- 1999—2002 — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
- 2002—2004 — Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- 2004—2006 — Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
- 2006 (02-12) — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
- 2006—2008 — Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
- 2008—2010 — Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
- 2010—2013 — Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
- 2013—2018 — Муовини якуми раиси вилояти Хатлон;
- 2018—2019 — Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2019—2023 — Раиси вилояти Хатлон;
- 2020—2023 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI буд.[1]
- аз 5 январи соли 2023 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон[2]
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироиш- ордени «Шараф» (соли 1999),
- медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (соли 2002)
- унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2018)
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум иштирок намуданд(тоҷ.). www. khovar.tj. 22 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2020.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қ.. prezident.tj. Президенти Тоҷикистон. 5 Январ 2023 санҷида шуд.