Қутбуддин Унсии Гунободӣ
Сайид Қутбуддини Унсӣ (форсӣ: سید قطبالدین اُنسی; ? — 1517) — ориф[1], шоир ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тазкираи «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ маълумот медиҳад. Ӯ соҳиби достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва қасоиду ғазалиёт будааст. Аз достонаш хабаре нест, вале қасоиду ғазалиёти ӯ дар ҷунгу баёзҳо ва тазкираҳо бисёр дучор меоянд. Унсурӣ бо Ҷомӣ ва Навоӣ ошноӣ дошта, дар бораи онҳо боэҳтиром сухан кардааст:
Хуш он ки паҳлӯи қам чун баргқои наргис,
Ҷамъе нишаста бошанд, Ҷомӣ дар он миёна.
Эзоҳ
вироиш- ↑ قطب الدین اُنسی جُنابَدی. rasekhoon.net. 29 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Унсӣ / С. Асадуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).