Маҷолису-н-нафоис
«Маҷолису-н-нафоис» (ар. مجالسالنفائس) — тазкира, таълифи Алишери Навоӣ, ки дар соли 1491 (гузинаи дуюми мукаммалаш соли 1498) навишта шудааст.
Нависанда | Алишер Навоӣ |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | чағатоӣ |
Таърихи интишор | 1498 |
Ҳаққи таксир | 🅮[d] ва 🅮[d] |
Муҳтаво
вироиш«Маҷолису-н-нафоис» аввалин тазкираи узбекист, иборат аз 8 маҷлис (боб). Шарҳи ҳол ва намунаи осори 459 нафар шоирон, олимон, мусиқидонон, хаттотон, ҳомиёни илму адабиёти Мовароуннаҳру Хуросон ва кишварҳои ҳамсояро дар бар мегирад. Шарҳи ҳоли шоирону насрнависон дар «Маҷолису-н-нафоис» хеле мухтасар, намунаи эҷодиёти онҳо хеле кам (як-ду байт) аст. Бо вуҷуди он, ҳуҷҷати муҳими ҳаёти адабии асри 15 мебошад. Аз рӯи он бисёр хусусиятҳои адабиёти он давра, жанрҳои маъмули адабӣ ва ғайраро муайян кардан мумкин аст. Муаллиф ҳамчун адабиётшиноси нуқтасанҷ ба эҷодиёти ҳар як шоир бо як-ду ҷумла бошад ҳам, баҳои холисона дода, ҳусну қубҳи осорашонро нишон медиҳад. Аз ин ҷиҳат «Маҷолису-н-нафоис» дар таъини ақоиди адабиву эстетикии Алишери Навоӣ аҳамияти хос дорад. «Маҷолису-н-нафоис»-ро Фахрии Ҳиротӣ (бо номи «Латоифнома») Ҳакимшоҳ, Муҳаммади Қазвинӣ ва Шоҳалӣ ибни Абӯалӣ дар ибт. асри 16 ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума кардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Маҷолис-ун-нафоис / С. Воҳидов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).