Ҳабибулло Табаров (2 феврали 1938, деҳаи Песмуллои ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 24 октябри 2017, Душанбе, Тоҷикистон) — арбоби давлатии тоҷик, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (19921994). Раиси баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992).

Ҳабибулло Табаров
1992 — 1994
Пешгузашта Ҳайдаршо Акбаров
Ҷонишин Қурбон Тӯраев
Таваллуд 2 феврал 1938(1938-02-02)
Даргузашт 24 октябр 2017(2017-10-24) (79 сол)
Душанбе
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Инқилоби Октябр

Зиндагинома

вироиш

Ҳабибулло Табаров соли 1938 дар Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди мактаби миёна факултети агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм мекунад[1].

Фаъолияти кориашро ҳанӯз аз даврони мактаби миёна ҳамчун муҳосиб шурӯъ кардааст. Соли 1958 котиби аввали Кумитаи комсомол дар ноҳияи Фархор таъйин мешавад. Баъдан ба кори ҳизбӣ ҷалб мешавад ва дар вазифаҳои муншии аввали ноҳияҳои Маскав, Фархор ва Восеъ кор мекунад. Сипас, раиси кумитаи иҷроияи ноҳия ва баъдан раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб таъйин мешавад.

Дертар раиси иттиҳодияи чорвопарварӣ дар ноҳияи Ховалинг ва дар соли 1992 вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин мегардад. Қабл аз бознишаста шудан раёсати Кумитаи саноатии ширу гӯшти ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Чаҳор навбат депутати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб мешавад. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд[2].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Инқилоби Октябр» ва медалҳо сарфароз гардидааст[3].

Ҳабибулло Табаров дар синни 79 вафот карда, рӯзи 24 октябри 2017 дар шаҳри Душанбе ҷанозаи ӯро ба хок супурдаанд[4].

  1. Ҳабибулло Табаров: “Аз дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ сахт гиламандам”. Радиои Озодӣ. 24 октябри 2017 санҷида шуд.
  2. Шарҳи ҳоли Ҳабибулло Табаров. Радиои Озодӣ. 24 октябри 2017 санҷида шуд.
  3. ТАБАРОВ Хабибулло | ЦентрАзия. www.centrasia.ru. 24 октябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  4. ДАРГУЗАШТИ ҲАБИБУЛЛО ТАБАРОВ. akhbor.com. 24 октябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)