Ҳайдар Раҳматов
Ҳайдар Бобоевич Раҳматов — олим, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2010), профессор (2013)
Ҳайдар Бобоевич Раҳматов | |
| |
Таърихи таваллуд | 9 май 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Филиали Душанбегии савдои советии кооперативии ш. Новосибирск, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Зиндагинома
вироишҲайдар Раҳматов 19 майи соли 1957 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст.
- 1978 — факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин-ро хатм кардааст,
- 1978—1987 — ассистент, муаллими калон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин,
- 1981—1984 — аспиранти Донишгоҳи давлатии Ленинград,
- 1984 — дифои рисолаи номзади илмҳои иқтисодӣ,
- 1987—1993 — муаллими калон, дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Филиали Душанбегии савдои советии кооперативии ш. Новосибирск,
- 1993—2007 — директори коллеҷи савдои шаҳри Душанбе,
- 2007—2010 декани факултети иқтисод ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон,
- 2010—2011 — дотсент, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,,
- 2010 — дифои рисолаи доктори илм, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ,
- 2011—2014 — профессор, мудири кафедраи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат,
- 2013 — соҳиби унвони илмии профессор,
- 2014—2016 профессори кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Аз октябри соли 2015 то инҷониб и.в. мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишРаҳматов Ҳ. Б. зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ навишта ва аз чоп баровардааст, дар конфрентсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявию донишгоҳӣ баромаднамудааст. Ду монография, як китоби дарсӣ ва 4 брошюра навишта аз чоп баровардааст. Дар ҳалли чунин масъалаҳои илмӣ, ба монанди, таҳлили ислоҳоти аграрии ҶТ ва ташаккули муносибатҳои бозорӣ, таҳқиқи хусусиятҳои сектори аграрии иқтисоди миллӣ, батартиб дарории муносибатҳо оид ба истифодаи замин ва алоқамандии онҳо бо моликият, рента ва даромадҳои истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ҳиссаи худро гузоштааст. Аз соли 1978 инҷониб, яъне 38 сол боз ба тарбияи насли наврас, ҷавонон машғул шуда чандин шогирдони ва мутахасисони баландихтисос ва болаёқати соҳаи иқтисод, аз ҷумла, 3 нафар номзадҳои илмро ба воя расонидааст, ки қариб дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи ватани азизамон иҷрои вазифа намуда истодаанд.
Осор
вироиш- Аграрная реформа в РТ — Душанбе, «Ирфон»,2009, — 320с.;
- «Аграрная реформа: плюсы и минусы» — Душанбе, «Ирфон»,2008, — 220с.
- Современный экономический рост в агросфере зарубежных стран. // Известия АН Республики Таджикистан. Серия: отделение общественных наук., 2009, № 4;
- Землеустройство-инструмент реализации земельной политики и государства. // Известия АН Республики Таджикистан Серия: экономика. 2009, № 1-2;
- Развитие сельских территорий фактор продовольственной самодостаточности. // Вестник Института экономики Таджикистана. 2009, № 4;
- Антикризисный менеджмент организации в современный период.// Известия Академии наук Таджикистана, отделение общественных наук, 2012, № 6, с. 50-54;
- Всеобъемлющее качество и его особенности в управлении людскими ресурсами (на таджикском языке). Научный журнал Вестник Таджикского национального университета (серия экономических наук) 2/5 (92), Душанбе 2012, с 85-90;
- Развитие организации и его особенности в новейшей истории управления людскими ресурсами (на таджикском языке). Научный журнал Вестник Таджикского национального университета (серия экономических наук) 2/8 (100), Душанбе 2012 с. 178—185;
- Регулирование земельных отношений с учетом взаимосвязи формы собственности, земельной ренты и системы налогообложения доходов товаропроизводителей // Вестник Университета (РТСУ), 2015, № 1 (48), С.112-120;
- Рынок труда и некоторые проблемы его регулирования // Вестник педагогического университета № 5-2 (66) 2015, С.140-144 ва диг.[1]
Адабиёт доир ба Ҳайдар Раҳматов
вироиш- Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Состав кафедры. Рахматов Хайдар Бобоевич. 24 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 Январ 2017.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |