Қурбон Ҳакимзода
(Тағйири масир аз Ҳакимзода Қурбон)
Қурбон Ҳакимзода (1 апрели 1966, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) — давлатмард ва агрономи тоҷик, номзади илмҳои кишоварзӣ.
Таърихи таваллуд: | 1 апрел 1966 (57 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор |
Зиндагинома Вироиш
Қурбон Ҳакимзода 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар хонаводаи тоҷи ба дунё омадааст. Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст.
Корнома Вироиш
- 1988—1993 — Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- 1993—1995 — Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- 1995—1996 — Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд
- 1996 (07-09) — Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
- 1996—1999 — Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
- 1999—2002 — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
- 2002—2004 — Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- 2004—2006 — Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
- 2006 (02-12) — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
- 2006—2008 — Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
- 2008—2010 — Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
- 2010—2013 — Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
- 2013—2018 — Муовини якуми раиси вилояти Хатлон
- 2018—2019 — Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2019—2023 — Раиси вилояти Хатлон.
- аз 2023 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1]
Аз 17 апрели соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI мебошад.[2]
Эзоҳ Вироиш
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қ.. prezident.tj. Президенти Тоҷикистон. 5 январи 2023 санҷида шуд.
- ↑ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум иштирок намуданд(тоҷ.). www. khovar.tj. 22 апрели 2020 санҷида шуд.