Ҳамдуллоҳи Муставфӣ

(Тағйири масир аз Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ)

Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ (форсӣ: حَمْدُاللهِ مُسْتوفی قَزْوینی‎; 1281[1], Қазвин, Элхониён[d][1]1339[2], Қазвин[1]) — таърихнигор, адиб, нависанда ҷуғрофиёдони форс-тоҷик, муаллифи «Зафарнома», «Таърихи гузида» ва «Нузҳату-л-қулуб».

Ҳамдуллоҳи Муставфӣ
Таърихи таваллуд 1281[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1339[2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи муставфӣ (ҳисобдори молиёти кишвар). Ӯ баробари корҳои маъмурӣ илмҳои таърих, адабиёт, ҷуғрофиёи форс-точикро омӯхта, аз худ осори пурқимат боқӣ гузоштааст. Муставфии Қазвинӣ солҳои 1334—1335 ба услуби «Шоҳнома» иборат аз 75 ҳазор байт «Зафарнома»-е таълиф намуд. Асар аз се қисм иборат буда, қисми 1 он ба таърих ва юришу истилои араб, қисми 2 он ба таърихи кишвар Эрон оид аст. Қисми 3 асар 30 ҳазор байтро дар бар гирифта, таърихи муғулҳоро то давраи ҳукмронии султони Ҳалокуиён Абӯсаид инъикос мекунад. Муставфии Қазвинӣ инчунин муаллифи «Таърихи гузида» ва «Нузҳату-л-қулуб» мебошад. Ӯ дар рушди забони адабии форсӣ, махсусан истилоҳоти фаннии он хидмати шоистае кардааст[3].

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 https://iranicaonline.org/articles/hamd-allah-mostawfi
  2. 2.0 2.1 http://www.mcnbiografias.com/app-bio/do/show?key=hamd-allah-mostawfi
  3. Муставфии Қазвинӣ / Т. Муҳиддинов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).