Ҳамза Камол
Ҳамза Камол (Ҳамзахон Шарифович Камолов) (тав.10.08.1960, деҳаи Шамтичи ноҳияи Айнӣ) – олим, муаррихи шинохташудаи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2007), профессор (2018). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016).
Ҳамзахон Шарифович Камолов | |
Таърихи таваллуд | 10 август 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таърих, таърихнигорӣ, филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон, |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишҲамза Камол хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1982). Сармуҳофизи фонди хона-музейи А.Лоҳутии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982-85), маъмурияти тарҷумонӣ дар Афғонистон (1985-89), коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон (1989- 1992), масъули равобити байналмилалии Бунёди фарҳанги Тоҷикистон (1992- 1993), раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон (1993-то кунун), ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон, (2005-2011), сарходими илмии институти мазкур (2011-2019), мудири Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон, (2019). Солҳои 2009-2021 профессори ҳамкори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли таҳсили 2021/2022 дар вазифаи профессори кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСамтҳои асосии пажӯҳиш: таърихи қадим ва асрҳои миёнаи Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон, таърихи фарҳанг ва сунану анъанот. Муаллифи 17 рисолаи илмӣ ва таълимӣ ва беш аз 240 мақолаи илмӣ-оммавӣ, ки дар мавзӯъҳои таърих ва адабиёт, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ навишта шуда, дар Тоҷикистон, Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Қирғизистон ба табъ расидаанд. Ҳамза Камол боби аввал (ҳаммуаллиф), дуюм (ҳаммуаллиф), сеюм (ҳаммуаллиф) ва ҳафтуми ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик» (ба забони русӣ, Душанбе, 2013), боби аввали ҷилди чаҳоруми «Таърихи халқи тоҷик» (ба забони русӣ, Душанбе, 2010)-ро навиштааст. Бо роҳбарии Ҳамза Камол 10 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар симпозиумҳои байналмилалии таърихнигорон дар Душанбе, Ереван (Арманистон), Талас (Қирғизистон), Калкутта ва Деҳлӣ (Ҳиндустон) ширкат ва суханронӣ кардааст. Ҳамза Камол узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ (1995), узви Шӯрои Ҷамъиятии Тоҷикистон (аз соли 1996 то кунун), узви Шӯрои илмии Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон (аз 2008 то кунун), узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2012 то кунун), сардабири маҷаллаи «Фарҳанг» (аз соли 2003 то кунун), аъзо корреспондени Академияи табиатшиносии Россия (бахши илмҳои таърих, 2018) ва академики Академияи табиатшиносии Россия (бахши илмҳои таърих, 2020) мебошад.
Мукофоту ҷоизаҳо
вироишҲамза Камол бо медалҳои «Даҳсолагии Инқилоби Савр» (Кобул, 1988), «От благодарного афганского народа» (Кобул, 1988) ва “25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2021), таҳсинномаҳои Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Афғонистон (Кобул, 1986) ва Кумитаи марказии созмони ҷавонони Афғонистон (Кобул, 1986), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016) сарфароз гаштааст.
Осор
вироиш- Мазорҳои Шимоли Тоҷикистон. Душанбе, 2004;
- История мазаров Северного Таджикистана. Душанбе, 2005;
- Луғатномаи “Донишнома”-и Шашмақом. Душанбе, 2005 (ҳаммуаллиф);
- Политическая история Мавераннахра в XVI в. Душанбе, 2007;
- Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон. Се китоб: Д., 2005; Д., 2007; Душанбе, 2010. (ҳаммуаллиф),
- Таърихи халқи тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 8, илова, бо ҳаммуаллиф). Душанбе,2010;
- История вторжения кочевых племен Дашт-и Кипчака в Мавераннахр и Хорасан (XVI). Душанбе, 2012;
- Маъхазшиносӣ. Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
- Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (бо ҳаммуаллифии Аҳрор Мухторов ва Абдуқаҳҳор Саидов). - Душанбе: Маориф, 2016, 303 с.;
- Насабшиносӣ. Д., 2017;
- Барномаи таълимии фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Душанбе, 2018 (ҳаммуаллиф);
- История таджикского народа (Учебно-методический комплекс для непрофильных факультетов). Душанбе, 2018 (ҳаммуаллиф). [1]
- Авомили ба сари ҳокимият омадани Сомониён. Душанбе: Дониш, 2022.-324 с.
- Маъхазшиносӣ (бо ҳаммуаллифии Абдуқаҳҳор Саидов). Душанбе: Ганчи храд, 2023. -312 с.
Нигаред низ
вироиш- Камолов Хамзахон Шарифович(рус.). www.famous-scientists.ru (2019). 28 ноябри 2023 санҷида шуд.
- Ҳамза Камол (tj). www.institute-history.tj (2019). 28 ноябри 2023 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳамза Камол (tj). www.institute-history.tj (2019). 28 ноябри 2023 санҷида шуд.