Ҳамлаи Муғул ба Осиёи Марказӣ

(Тағйири масир аз Ҳамлаи Муғул)

Ҳамлаи Муғул ба Осиёи Марказӣ пас аз иттиҳоди қабоили муғул ва турк дар фалоти Муғулистон дар соли 1206 мелодӣ рух дод ва то суқути ҳукумати Хоразмшоҳиён дар соли 1221 идома ёфт.

Муттаҳидшавии қабилаҳои бодиянишини муғул дар зери роҳбарии Чингизхон. Дар ибтидои асри XIII дар Муғулистони Марказӣ давлати феодалӣ таъсис ёфт ва сарвари яке аз қабилаҳои сершумор Темурчии дигар қабилаҳоро ба итоати худ даровард. Вай соли 1206 дар арҷумани сардорони муғулҳо худро Чингизхон, яъне Хони бузург эълон кард. Ӯ вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди худ гузошт, ин тарақӣ намудани лашкари савораи бо низому пурзур ва сершумор буд. Аз ҳисоби забту ғорати халқҳои ҳамсоя ва зулму фишори қабилаҳои муғул ба мақсади худ расид. Чингизхон дар байни сарбозонаш интизоми оҳанин ҷорӣ намуд. Ба лашкаркаш ва феодалони калон сарвати зиёде медод. Силоҳи лашкари муғул силоҳи беҳтарини замон ҳисоб меёфт. Сарбозони Чингизхон ба ҷуз силоҳи муқаррарӣ, боз бо аслиҳаи деворшикан ва мухосиравӣ таъмин буданд. Муғулҳо ба идораи маъмурӣ низ аҳамияти калон медоданд ва барои ин намояндагони халқҳои савияи фарҳангашон баландтар, аз ҷумла — халқи уйғурро истифода мебурданд. Дар ин давра нахустин бор алифбои муғулӣ таълиф шуд, ки асоси онро алифбои уйғурӣ ташкил медод.

Корҳои ҷамъ овардани боҷу хироҷ ва хидмати алоқаро ҳам намояндагони халиҳои маданитар ба ҷо меоварданд. Муғулҳо пеш аз хуҷум ба Осиёи Марказӣ заминҳои халқҳои Сибир ва Туркистони Шарқиро забт намуданд. Худи Чингизхон ба давлати Чини Шимолӣ ҳуҷум оварда, пойтахти он шаҳри Пекинро ба даст даровард. Муғулҳо соли 1218 мамлакати қарахитоиҳо-ҳафтруд ва Туркистони Шарқиро ғасб намуда ба замини Хоразмшоҳон наздик мешуданд.

Вазъияти Осиёи Марказӣ дар арафаи ҳуҷуми Чингизхон. ҳудуди давлати Хоразмшоҳон дар замони ҳукмронии Муҳаммади Хоразмшоҳ (8200-1220) хеле васеъ шуд ва сарҳадаш дар Шарқ то ҳафтруд, дар ғарб то баҳри Арал, дар ҷануб то Ироқ тул мекашид. Дар дохили чунин давлати паҳновар доим кашмакашиҳою шӯришҳои ҳокимон рӯй медоданд ва худи Муҳаммади Хоразмшоҳ овораи пахш кардани онҳо буд. Боҷу хироҷи токатфарсо аҳволи мардуми захматкашро хеле вазнин гардонда буд. Солҳое мешуд, ки мансабдорони Муҳаммади Хоразмшоҳ то се маротиба боҷу хироҷ меситониданд. Дар мамлакат вазъи нотинҷӣ ҳукмронӣ мекард. Муҳаммади Хоразмшоҳ соли 1207 шӯриши мардуми Бухоро ва соли 1211 шӯриши ҳунармандони Самарқандро бо як ваҳшоният пахш намуд. ҳатто ашрофони давлатӣ ва сарварони дин ҳам нисбат ба ӯ душманӣ доштанд, чунки султон ба муқобили халифаи Бағдод, ки дар ҷаҳони дини ислом ӯро ноиби пайғамбар медонистанд, лашкар кашид. Ба ҷуз ин дар ҳолати мастӣ ба қатли яке аз намояндагони, машҳури дин — Маҷиддудин фармон дод.

Султон Муҳаммад назар ба Чингиз лашкари зиёде дошт, вале дар байни онҳо интизом набуд. Воқеаҳое ҷой доштанд, ки ҳангоми муҳорибаҳо на танҳо ҷанговарони қаторӣ, балки сараскарон низ ба тарафи душман мегузаштанд. На танҳо дар байни ҳокимони вилоятҳо, балки дар байни сараскарон ва ҳатто амалдорони дарбораш ягонагӣ набуд. Вай бо рафторҳои магрурона, худситоӣ, худбинӣ бисёр шахсони обрумандро меранҷонд, аз дарбор дур мекард ва ҳатто ба қатл мерасонд. Чингчзхон аз аҳволи дохилӣ ва берунии Муҳаммади Хоразмшоҳ, пурра бохабар буд ва ҷосусону тоҷиронаш дар шаҳрҳою ноҳияҳои давлати Хоразм гаштугузор мекарданд ва маълумоти лозимиро бо осонӣ ба даст меоварданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ бошад, ба ин ҳам чандон аҳамият намедод. Устод Садриддин Айнӣ дар достони машҳури таърихиаш «Каҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» чунин менависад: «Дар вақте ки Чингиз сар то пои мамлакати Султон Муҳаммадро аз ҷосусон пур карда, ҳамаи аҳволи ӯро қувваи ҳарбӣ, ихтилофи байни саркардагон, беятоатии онон ва мағрурияти беасоси шахсии ӯро фаҳмида гирифта буд, ӯ аз аҳволи Чингиз, аз иҷтидор ва интизомӣ ҳарбии вай тамоман бехабар буд ва хабардор шуданро ҳам лозим намедонист, чунки ба ақидаи ӯ дар дунё ҳеч подшоҳе набуд, ки ба мамлакати вай ҳуҷум оварда ғалаба ёфта тавонад» Ба замми ҳамаи ин Муҳаммади Хоразмшоҳ роҳи ҷангҷуёнаро пеш гирифта, ба хабарҳои аз тоҷирони ба даст дароварда ва ба қудрату тавоноии ин душмани ғаддору хунхор аҳамият намедод.