Ҳасан Юсуфи Файзбахш
Ҳасан Юсуфи Файзбахш (Ҳасан Юсупов; зод. 2 ноябри 1951, деҳаи Авзикент, ноҳияи Ҳисор) — рӯзноманигор, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик. Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон (1995).
Ҳасан Юсупов | |
Таърихи таваллуд: | 2 ноябр 1951 (72 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Авзикент, ноҳияи Ҳисор |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: |
Ҷоизаи Лоҳутӣ (2015) ҷоизаи «Сеҳри сухан» ҷоизаи «Ватанро бишнос» |
Зиндагинома
вироишҲасан Юсуфи Файзбахш 2 ноябри соли 1951 дар деҳаи Авзикенти ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаааст. Хатмкардаи мактаби № 28-и деҳаи Гачак, омӯзишгоҳи фарҳангу маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон мебошад.
Нависандагӣ
вироишСаҳми Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар ҷамъоварӣ, омӯзиш ва тарғиби рӯзгори ибратбахшу осори пурғановати шоири мардумӣ Карим Девона хеле бузург аст. Мавсуф бо мақолаҳои «Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагони ман», «Валлай, шудӣ армонӣ» ё «Аз пайи як шеъре, ки дар он таърих нуҳуфта» (мусаввада), «Эътирофи хатои худ мардонагист», «Басо ҷамъи парешон монд аз худ…» рағбат ва дилбастагии худро ба шеъри дилнавозу давронсози Карим-Девона баён сохтааст. Баъдан ҳасан Юсуф ду мақолаи аввалро такмил дода, бо номҳои «Валлай, шудӣ ормонӣ», «Карим-Девона, ман ва хамдеҳагон» дар шакли рисолаҳои хурд ба нашр расонид[1].
Таълифот
вироишҲасан Юсуфи Файзбахш муаллифи зиёда аз 500 қиссаю ҳикоя, очерку публитсистика, асарҳои саҳнавӣ, мақолаҳои гуногунжанр, 19 китоби таърихӣ, илмӣ-оммавӣ, адабӣ-бадеӣ мебошад. Асарҳояш ба забонҳои узбакӣ, русӣ ва хатти форсӣ нашр шудаанд. Чандин асараш рӯи саҳнаи театрҳо баромада, аз рӯи чанд асари дигараш садою симо гуфтору намоишҳо таълиф намудаанд[2].
Ҷоизаҳо
вироишБарандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015[3], ҷоизаҳои «Сеҳри сухан» ва «Ватанро бишнос» мебошад.
Осор
вироиш- Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Валлай, шудӣ ормонӣ. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 119 с. — ISBN 978-99975-0-083-0
- Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагон. — Душанбе: Ирфон, 2015. — 95 с. — ISBN 978-99975-0-097-7
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҳасани Муродиён. Ҳамдиёри пуркору номбардори шоири мардумӣ Карим-Девона. bgu-vestniki.tj. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, 1/2 (37) (2016). 4 апрели 2023 санҷида шуд.
- ↑ Ҳасан Юсуфи Файзбахш. «Завқе ба дил надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?». Фараж (1 ноябри 2021). 4 апрели 2023 санҷида шуд.
- ↑ Неъмат Салимзода. Ҷоизаи Лоҳутӣ ба кормандони ВАО (17 октябри 2016). 4 апрели 2023 санҷида шуд.