Ҳаҷаруласвад
Ислом · Масҷид · Ҳаҷ |
---|
Ҷузъҳои таркибӣ: |
1. Ҳаҷаруласвад 2. Дар 3. Новдон 4. Шозарвон 5. Ҳиҷри Исмоил 6. Мултазам 7. Мақоми Иброҳим 8. Рукни Ҳаҷаруласвад 9. Рукни Ямонӣ 10. Рукни Шомӣ 11. Рукни Ироқӣ 12. Чодари Каъба 13. Ҷойи истодани Иброҳим |
Ҳамчунин ниг. |
Викианбор |
Ҳаҷаруласвад (ар. الحجر الأسود) — санги сиёҳе, ки дар рукни шарқии хонаи Каъба ҳудуди 1,5 м баландтар аз сатҳи замин дар тарафи рости дари Хона дар бурҷе гузошта шудааст.
Намуди зоҳирӣ
вироишОн алҳол ба сурати се қитъаи бузургтар ва панҷ қитъаи хурдтаре дар канори якдигар дар табақсанге насб шуда ва гирдогирдаш бо камарҳои филизӣ баста шудааст. Ранги он сиёҳтоби моил ба сурхӣ буда, дар он донаҳои сурхранг ва гоҳе зардтоб дида мешавад.
Ҳаҷаруласвад хусусият ва таркиби шиҳобпора (метеор)-ӣ дорад ва ин илман собит месозад, ки он аз сангҳои осмонӣ мебошад, ҳамон гуна ки Расули Худо (с) ин воқеиятро дар чандин ҳадис баён намудааст. Вале набояд иштибоҳан чунин пиндошт, ки он низ ба мисли дигар шиҳобпораҳо дар гузаштаҳои дури таърих ба замин афтода ва одамон онро гирифта дар хонаи Каъба гузоштаанд, балки он бо амри Худованд ба замин фиристода шудааст.
Нишонаи дигаре, ки ба қадосати ҳарам азамати хосе мебахшад, он аст, ки рукн (ҳаҷару-л-асвад) ва мақом ҳарду аз ёқутҳои ҷаннат ҳастанд ва Ҳаҷаруласвад аз биҳишт оварда шудааст. Дар ҳадиси саҳеҳе дар Сунани Тирмизӣ (878) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: «Рукн (Ҳаҷаруласвад) ва мақом ду ёқуте аз ёқутҳои ҷаннат ҳастанд, ки Худо нури онҳоро тира сохта. Агар Худо нури онҳоро тира намесохт, аз машриқ то мағрибро рӯшан месохтанд». Дар ҳадиси дигаре бо ривояти Тирмизӣ (877) мефармояд: «Ҳаҷаруласвад аз биҳишт, дар ҳоле ки аз шир ҳам сафедтар буд, фуруд омад, пас аз он гуноҳони одамизодагон онро сиёҳ намуданд».
Омӯзиши Ҳаҷаруласвад
вироишДоктор Зағлул Наҷҷор дар китоби «Замин дар Қуръони карим» (592) менависад: «Шарқшиносон ва марказҳои ховаршиносӣ дар кишварҳои аврупоӣ пас аз мутолиаи осори ривоятшуда дар бораи Ҳаҷаруласвад пиндоштанд, ки он қитъае базалт аст, ки селу боронҳои сахт онро аз кӯҳҳои пурсанги атроф шуста ба пастиҳои Макка партофтаанд.
Барои исботи ин амр Ҷамъияти ҷуғрофияшиносони шоҳигарии Британия афсари англисеро бо номи Ричард Фронсес Бертон барои дуздидани порае аз ҳаҷару-л-асвад ба сурати ҳоҷии афғонӣ ба Макка фиристод. Вай соли 1853м./1269ҳ. ба Макка омад ва тавонист порае аз онро бо худ ба Британия бибарад. Пас аз омӯзиш ва озмоишҳои лаборатории қитъаи дуздида дар онҷо собит гардид, ки он аз сангҳои осмонӣ буда, ба шиҳобпораҳо шабоҳат дорад, вале таркиби химиявӣ ва минералии он аз онҳо фарқ мекунад. Бертон пас аз мушоҳидаи ин кашфиёт ислом овард ва онро дар китоби дуҷилдаи худ «Сафаре ба Макка» [A Journey To Mecca] зикр намудааст»[1].
Муҳйиддин Аҳмад Имом дар китоби Фӣ риҳоби-л-Байти-л-ъатиқ овардааст, ки яке аз донишмандони маркази фазонавардии Амрико НАСО дар конфронси маводи бадил (ивазкунанда)-и одамӣ дар Капитоли Амрико эълон кард, ки қитъае ба андозаи нахудро аз Ҳаҷаруласвад мавриди озмоишҳои лабораторӣ қарор додаанд ва он ба андозае қобилияти мувассилотӣ дошта, ки ҳамин қитъаи хурди он бештар аз даҳ баробари ҳаҷми хартуми мошинҳои оташнишонӣ аз унсури фиберглас дорои тавони ноқилӣ ва сабту тасҷил мебошад ва неру (энергия)-и ин гуна аносири мувассилотӣ дар саросари коинот бо ҳам дар пайвастагӣ ва иртиботанд[2].
Имом Шофеъӣ воқеан ҳам, дуруст ва бо басирате аз сӯи Худо фармуда, ки Ҳаҷаруласвад номи касеро, ки онро зиёрат (истилом) намояд ва номи модарашро сабт ва тасҷил менамояд ва номи онҳоеро, ки борҳо ба истиломи он мушарраф мегарданд, бо рамзҳои хоссе сабт менамояд.
Рабудани Ҳаҷаруласвад
вироишАз ҳаводис ва наводири таърихӣ яке он аст, ки Абӯтоҳир Сулаймони Ҷаннобӣ – сарвари қарматиёни Баҳрайн (дар Ҳаҷар) соли 317 ҳ./929 м. моҳи зулҳиҷҷа дар мавсими ҳаҷ ба Макка ҳамла кард ва пас куштори ҳоҷиён ва ғорати хонаи Каъба Ҳаҷаруласвадро бо худ ба Ҳаҷар – пойтахти қарматиён дар Баҳрайн бурд ва то соли 339 ҳ. ба муддати 22 сол хонаи Каъба бе Ҳаҷаруласвад монд. Соли 339 ҳ. бо миёнаравии халифаи вақти аббосӣ дар Бағдод Ҳаҷаруласвад нахуст ба Куфа ва пас аз он ба Макка фиристода шуд ва 10 зулҳиҷҷаи он сол бори дигар дар ҷояш гузошта шуд[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тафсири навини Қуръони карим. – С. 634-636.
- ↑ Фӣ риҳоби-л-Байти-л-ъатиқ. – С. 200-204, ба нақл аз моҳномаи Нисфуддунё дар Қоҳира (№ 527, 19/03/2000). – С. 76-78. Нусхаи электронии он дар мактабаи шомила.
- ↑ Доиратулмаорифи форсӣ. – Ҷ. 2. – С. 2027; Муҳйиддин Аҳмад Имом, Фӣ риҳоби-л-Байти-л-ъатиқ. Нусхаи электронии он дар мактабаи шомила.