Ислом · Масҷид · Ҳаҷ

Ҷузъҳои таркибӣ:

1. Ҳаҷаруласвад 2. Дар 3. Новдон 4. Шозарвон 5. Ҳиҷри Исмоил 6. Мултазам 7. Мақоми Иброҳим 8. Рукни Ҳаҷаруласвад 9. Рукни Ямонӣ 10. Рукни Шомӣ 11. Рукни Ироқӣ 12. Чодари Каъба 13. Ҷойи истодани Иброҳим

Ҳамчунин ниг.

Бани ШайбаЗамзамҚиблаТавофУмраҲарам

Викианбор

Ҳиҷри Исмоил (ар. حجر إسماعيل‎) — ҷое, ки дар байни девори нимдоира ва де­вори шимолии хонаи Каъба қарор дорад.

Таърих

вироиш

Пас аз бинои хонаи Каъба Иброҳим (ъ) барои гӯсфандони фарзандаш Исмоил (ъ) дар шимоли он ҳиёти нимдоирае сохт, ки дар таърих ба Ҳиҷр Исмоил (ъ) маъруф аст. Он ба Ҳатим пайвастааст ва ҳарду ном бар онҳо итлоқ мегардад.

Миқдори шаш зироъу як ваҷаби Ҳиҷр имтидоди хонаи Каъба аст, ки дар бинои Қурайш аз девори аслӣ берун монда ва ба даври он девори нимдоирае баландтар аз нисфи қомати инсон кашидаанд. Касе дар дохили он девори нимдоира — Ҳиҷр дар масоҳати шаш зироъу як ваҷаб=3,16 см-и он аз Каъба намоз гузорад, маънои он­ро дорад, ки дар дохили хонаи Каъба намоз гузоштааст. Касе тавофро аз миёнаи девори аслии хонаи Каъба ва он девори нимдоира анҷом диҳад, тавофаш дуруст намегардад.

Дар бештари ривоятҳои таърих тасреҳ шуда, ки Ис­моил (ъ) ва модараш Ҳоҷар дар Ҳиҷр мадфунанд.

 
Нақшаи Каъба, намуд аз боло

Ҳатим

вироиш

Ҳатим (ар. الحطيم‎) — девори қавсмонандест, ки дар шимоли хонаи Каъба ба андозаи пасттар аз қомати инсон бардошта шудааст. Хонаи Каъба бар он асосе, ки Иброҳим (ъ) онро сохта буд, қисмате аз масоҳати он девори нимдоираро низ дар бар мегирифт. Пеш аз Ислом бар асари оташсӯзӣ ва пас аз он селе хонаи Каъба хароб гардид ва Қурайшиҳо онро аз нав бино намуданд.

Онҳо барои сохтани хонаи Каъба аз молҳои покашон маблағи муайяне ҷамъ ва аз молҳое, ки ба рибо, ҳаром ва ғайра олуда буданд, сарфи назар намуданд. Вақте бинои хонаро бардоштанд, моли покашон барои бинои Каъба бар асоси бинои иброҳимӣ кифоят накард ва қисмате аз Хонаро аз девор берун ва он девори қавс­монандро перомуни он бардоштанд, то масоҳати хонаи Каъба бар асоси бинои иброҳимӣ муайян бошад.

Дарозии Ҳатим аз девори шимолии Хона бештар аз ҳашт метр (8,16 см) аст, ки каме бештар аз шаш зироъ=­3,16 см-и он аз Хона ва панҷ метри боқимондааш аз Ҳиҷри Исмоил (ъ) ба шумор меравад.

Пайвандҳо

вироиш