Ҳема Малинӣ (англ. Hema Malini, там. ஹேமமாலினி, ҳиндӣ: हेमा मालिनी; тав. 16 октябр 1948) — ҳунарпеша, рақоса, продюсер, коргардон ва сиёсатмадори ҳинд. Дар Тоҷикистон зиёдтар ӯро аз рӯи иҷрои нақши асосӣ дар филми "Зита ва Гита" мешиносанд. Ҳема дар зиёда аз 150 филм нақш офаридааст. Ӯ дорандаи ҷоизаи "Filmfare Awards" барои беҳтарин нақши занона ва мукофоти давлатии Падма Шрӣ барои саҳм дар синамои Ҳиндустон мебошад.

Ҳема Малинӣ
англ. Hema Malini
Ном ба ҳангоми таваллуд: Hema Malini
Таърихи таваллуд: 16 октябр 1948(1948-10-16) (75 сол)
Зодгоҳ: Тамилноду, штати Мадрас, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: ҳунарпеша, коргардон, сиёсатмадор, продюсер
Корнома: 1965 - то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0004564
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Эҷодиёт дар синамо вироиш

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Ҳема Малинӣ бо актёр Дҳармендра издивоҷ кардааст. Онҳо ду духтар доранд - Эша ва Оҳана. Эша ба модараш пайравӣ карда, ҳунарпешаи синамо шуд. Илова бар ин, духтарони Ҳема мисли модарашон рақсро дар сабки Бҳарататям омӯхтанд ва дар барномаҳои рақсии муштарак бо ӯ ва алоҳида ҳунарнамоӣ мекунанд. Писарони Дҳармендра аз издивоҷи аввалаш Саннӣ Деол ва Боббӣ Деол низ ҳунарпешаи синамо ҳастанд.

Ҳема Малинӣ вайшнавизмро эътироф мекунад ва пайрави Ҷамъияти байналмилалии шуури Кришна мебошад.

Филмнома вироиш

Ҷоизаҳо вироиш

Эзоҳ вироиш